Табрикоти раиси суди иқтисодии вилояти Хатлон ба муносибати 30-солагии қабули Конститутсия
30 сол қабл бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи райъпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон қабул гардид. Бо қабули Конститутсия ба таҳаввулоти қонунгузории миллӣ санги асос гузошта шуда, минбаъд қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон давра ба давра такмил дода шуда, дар натиҷаи қабули барномаҳои давлатии сиёсию ҳуқуқӣ […]