Ҷаласаи Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ бобати ба амал баровардани адолати судӣ дар нимсолаи якуми соли 2024 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2024 баргузор гардид.
Дар ҷаласаи раёсат Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Шарифзода Ҷамшед, муовинон, судяҳо ва сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисон, муовинон ва судяҳои судҳои иқтисодии ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Мутобиқи рӯзномаи маҷлис оид ба ҷамъбасти фаъолияти судҳои иқтисодии …