Сафари кории раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдуллозода З.Ф. ба ноҳияи Спитамени вилояти Суғд
14 июли соли 2025 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен маҷлиси васеи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар нимсолаи якуми соли 2025 баргузор гардид. Дар кори маҷлис намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдуллозода Зебунисо, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мудири шуъбаи […]