Соли 2024 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз нав дар таҳрири нав қабул карда шуда, аз 6 боб ва 22 модда иборат аст. Қонуни мазкур маҳз бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал 8 июни соли 2007 пешбари ва қабул карда шудааст. Дар ин муддат мардуми шарифи Тоҷикистон дарк намуданд, ки қабули Қонуни мазкур сари вақтӣ ва ба манфиати халқ равона шудааст. Қонуни мазкур ягона санади меъёрию ҳуқиқиест, ки ҷашну маросимҳои мардуми тоҷикро дар як низоми муайян пешбинӣ кардааст. Қабули Қонуни мазкур ин як қадами ҷиддӣ ва асосноки давлат аст. Бинобар ин, дигар давлатҳо таҷрибаи қабул ва татбиқи Қонуни мазкурро омӯхта, онро қобили қабул медонанд.
Қонуни мазкур тартиби гузарондани ҷашну маросимро муайян карда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, пешгирии хурофоту таассуб, баланд бардоштани маънавиёт ва сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардуми Тоҷикистон равона гардидааст.
Маросим — маҷмуи амалҳои рамзӣ ва анъанавӣ, ки муносибати шахс ва гурӯҳҳои иҷтимоиро ба падидаҳои муҳимми ҳаёти фарҳангии ҷомеа ифода менамояд.
Ҷашн — таҷлили рӯйдодҳо ва ё санаҳои таърихию фарҳангӣ, ҷамъиятӣ, касбӣ ва оилавӣ.
Вазифаи Қонуни мазкур танзими ҷашну маросим дар асоси дастовардҳои фарҳанги миллӣ ва тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад. Амали Қонуни мазкур ба мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳо, сарфи назар аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликият, ҳамчунин ҳамаи шахсони воқеӣ, новобаста ба вазъи иҷтимоӣ ва мансубияти миллиашон, сурат мегирад. Ақаллиятҳои миллӣ дар доираи муқаррароти Қонуни мазкур дар баргузории ҷашну маросими суннатиашон озод мебошанд.
Қонуни мазкур нисбат ба мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, сарфи назар аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликият, ҳамчунин ба шахсони воқеӣ, новобаста ба вазъи иҷтимоию иқтисодии онҳо, татбиқ мегардад. Намояндагони миллату халқиятҳо ва дину мазҳабҳои дигар ҷашну маросими худро дар асоси расму оинҳои худ метавонанд гузаронанд. Онҳо ҷашну маросими дар Қонуни мазкур пешбинишударо бо риояи муқаррароти ҳамин Қонун мегузаронанд. Ҷиҳати амалӣ намудани Қонуни мазкур дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросим таъсис дода мешаванд.
Дар вазорату идораҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, сарфи назар аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликияташон, ки дар онҳо на камтар аз 30 нафар корманд фаъолият мекунад, комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими ҷашну маросим таъсис дода мешаванд.
Фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими ҷашну маросим тибқи Қонуни мазкур ва низомнома, ки дар асоси низомномаи намунавии комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими ҷашну маросим таҳия ва аз ҷониби роҳбарони вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар тасдиқ карда мешавад, ба роҳ монда мешавад.
Комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими ҷашну маросим риояи талаботи Қонуни мазкурро аз ҷониби кормандони вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, ки дар онҳо таъсис дода шудаанд, назорат намуда, ҷиҳати пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар ин самт чораҳои зарурӣ меандешанд.
Дар сурати риоя накардани талаботи Қонуни мазкур комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими ҷашну маросим дар муҳлати то се рӯз ба мақоми ваколатдор ва ё комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросим дар ин бора хабар медиҳанд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” самара ва дастоварди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, зеро маҳз истиқлолияти давлатӣ имкон дод, ки мо анъана ва ҷашну маросимҳои миллии худро дар як низоми муайян пешбинӣ карда, аз бегонапарастӣ, намоишдиҳӣ ва зоҳирпарастиҳо пешгирӣ кунем. Агар ба таҷрибаи татбиқи Қонуни мазкур назар афканем, ба хулоса омадан мумкин аст, ки агар чунин қонун қабул карда намешуд, дар ин муддат мо ҷашну маросими бегонаро бештар қабул карда, ба бегонапарастиҳо омада мерасидем ва ҷашну маросими миллии худ фаромӯш мекардем.
Таҷрибаи татбиқ ва амали Қонуни мазкур нишон дод, ки танзими ҷашну маросим баракати зиндагӣ буда, бешак барои ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардум, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, равона карда шудааст. Бинобар ин, ҳар яки моро зарур аст, ки бо як ҳисси баланди ватандӯстӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро риоя намоем ва дар татбиқи одилонаи он саҳмгузор бошем.
Муовини Раиси Суди иқтисодии виляоти Хатлон Қурбониён Б.С.