ҶАВОНОН ҲАМЧУН НЕРӮИ ҲИФЗКУНАНДАИ АРЗИШҲОИ ДАВЛАТӢ

Вақте, сухан дар бораи ҷавонон  ё худ ҷавонӣ меравад  аз нигоҳи аввал ин: зебоӣ, қудрат, тавоноӣ, созандагию бунёдкорӣ, худогоҳӣ, ҳисси баланди миллӣ, ватанпарастӣ мебошад; аз нигоҳи дуюм, ин: гумроҳшавӣ, бадхоҳӣ, нотавонбинӣ, душмани бар миллату Ватани худ мебошад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, маҳз  анна ҳамин нигоҳи дуюм буд, ки гумроҳшудагону бадхоҳони миллату давлат солҳои навадум ҷанги шаҳрвандиро сар карданд ва мехостанд давлату миллати тоҷикро нобуд созанд.

Хушбахтона, дере нагузашта  бар миллати тоҷик нигоҳи аввалин, яъне Ҷавони хирадманду оқил, сулҳпарвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати милли пешвои миллат  Эмомалӣ Раҳмон насиб гашт.

Бояд қайд кард, ки маҳз ҳамин қудрату тавоноӣ, созандагию бунёдкорӣ ва сулҳҷӯёнаи ҷавонии Ӯ буд, ки Тоҷикистони азизамон аз навбунёдӣ ба наврасӣ ва аз ин ба ҷавонӣ қадам гузошта дар кишварамон сулҳу салоҳ ҳукмфармо гашта, марҳила ба марҳила ободу зебо гашта истодааст.

Таърих гувоҳ аст, ки ба вазъияти муътадил омадани  соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвари азизамон ва дар ин раванд бунёди корхонаҳои бузурги саноатӣ, таъмир ва ба истифода додани роҳҳои мошингарди  минтақаҳои гуногуни ҷумҳуриамон, бунёди неругоҳҳои обиву барқӣ, хулоса тамоми ҳадафҳои созандаи давлату ҳукумат баҳри ободии ватан ва таъмини зиндагии осоиштаи мардуми тоҷик  ба даврони ҷавонии мамлакати маҳбубамон рост меояд ва ин иқдомҳои неку созанда идома ёфта истодааст.

Албатта дар ҷомеаи имрӯза ҷавонони гумроҳ гаштае низ  ҳастанд, ки ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил шуда дар зери таъсири «Хоҷагон»-и берунаи худ  мехоҳанд оромиву якпорчагии давлати тоҷикро халалдор созанд. Имрӯз давлату ҳукумат дар якҷоягӣ бо ҷавонон ва аҳли равшанфикрони миллат намегузоранд, ки дигарбора  миллати ранҷкашидаи тоҷик, лаззати талхи ҷангро чашанд. 

Миллати тоҷик ҷавонони поквиҷдону худогоҳе дорад, ки ба ин гуна гурӯҳҳо нафрат дошта, аз шароиту имкониятҳои падарона ташкилнамудаи Пешвои миллати тоҷик истифода бурда, кӯшиш ба харҷ додаанд ва медиҳанд, ки дар оромӣ ва гулгуншукуфоии кишвари азизамон саҳмгузор бошанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иқдом гирифтанд соли 2017-ро соли ҷавонон эълон намоянд ва ин иқдом аз он шаҳодат медиҳад, ки давлату ҳукумати мамлакат ба ҷавонон эътиқоду боварӣ карда, итминон доранд, ки ҷавонони бонангу бономуси мо аз тамоми неруҳои ҷавонӣ ва боварии сарвари ғамхору кордон истифода бурда, ҳадафҳои поку созанда ва бунёдкоронаи Пешвои миллатро баҳри миллати тоҷик, амалӣ мегардонанд.

Бо боварии комил гуфта  метавонам, ки баъди гузаштани сад солаҳо, ҷавонии Тоҷикистони маҳбубамон, бо ҷавонон, ҷовидона хоҳад монд.

Ин ғамхорию ҳадафҳои неки сарвари давлат буд, ки ҷавонони худогоҳиву ҳисси баланди миллии худро нишон дода,  имрӯзҳо дар қисми зиёди мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар корхонаву ташкилотҳои давлатӣ ҷавонони лаёқатманду кордон ва ботаҷриба роҳбариро ба ӯҳда гирифта, баҳри пойдор мондани сулҳу суботи комил  ба амал баровардани адолати судӣ ва пойдории сулҳу суботи  ҷомеъа, барои миллату давлати хеш, фаъолияти пурсамар карда истодаанд.

     Судяи Суди иқтисодии

вилояти Хатлон                                                                                                                                    Саидзода З.С.

Прокрутить вверх