Қатъ кардани ҳуқуқи истифодабарии саҳмдорони хоҷагии деҳқонӣ ба қитъаи замин, хориҷ кардан аз узвият дар хоҷагӣ ва тартиби ба дигар шахс вогузор намудани ҳуқуқи истифодаи замин

Сараввал бояд қайд намоям, ки ҳалли баҳсҳое, ки аз муносибатҳои байни саҳмдорони хоҷагии деҳқонӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ бо мақомотҳои давлатӣ ба вуҷуд меоянд, мувофиқи моддаи 47 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби суд баррасӣ карда мешаванд.
Мутобиқи моддаи 24 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ (феремерӣ) бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ ҳамчун фаъолияти соҳибкории шахсони воқеӣ эътироф гардидааст ва аз ин лиҳоз ҳалли чунин категориҳои баҳсҳо тобеияти идоравии судҳои иқтисодиро доро мебошанд.
Бодя қайд кард, ки мувофиқи моддаи 66 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, қитъаи замин ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ташкили хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) ба истифодаи як умраи меросии тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)” дода мешавад.
Мувофиқи муқаррароти моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)”, узвият дар хоҷагии деҳқонӣ бо назардошти талаботи зерин муайян карда мешавад:
– нисбат ба хоҷагии деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ – дар ҳуҷҷатҳои бақайдгирии давлатӣ инъикос намудани саҳми замини ҳар як узви хоҷагӣ дар қитъаи замини истифодаи якҷоя ва дар шартномаи аз ҷониби гурӯҳи шахсони воқеӣ оид ба фаъолияти якҷоя ба имзорасонидашуда нишон додани ҳуқуқу уҳдадориҳои аъзои он (ба истиснои хоҷагии деҳқонии иборат аз як шахс);

– нисбат ба хоҷагии деҳқонӣ бо таъсиси шахси ҳуқуқӣ – дар ҳуҷҷатҳои бақайдгирии давлатӣ инъикос намудани ҳуқуқи ҳар як муассис дар ташаккулёбии қитъаи замини хоҷагии деҳқонӣ (агар қитъаи замини истифодашаванда ба иҷора гирифта нашуда бошад), ҳамчунин дигар дороиҳо (саҳми молу мулкӣ) дар асоси иқтибос аз феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он.

2. Шахсе, ки дар асоси шартномаи меҳнатӣ дар хоҷагии деҳқонӣ ҳамчун корманди кироя фаъолият мекунад, узви хоҷагии деҳқонӣ намебошад.

Инчунин, мувофиқи қисми 1 моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)”, хоҷагии деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ, ки аз ҷониби зиёда аз як шахс таъсис дода шудааст, дар асоси шартнома дар бораи фаъолияти якҷоя амал менамояд, ки дар он ғайр аз маълумоти пешбининамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, маълумоти зерин нишон дода мешавад:

– шумораи аъзо, насаб, ном, номи падари ҳар як узви хоҷагии деҳқонӣ;

– ҳуқуқу ӯҳдадориҳое, ки маҷлиси аъзои хоҷагии деҳқонӣ ба зиммаи роҳбари хоҷагии деҳқонӣ вогузор менамояд;

– ҳуқуқу ӯҳдадориҳои аъзои хоҷагии деҳқонӣ;

– тартиби баромадан ё хориҷ кардан аз узвият;

– тартиби қабули узви нав ба хоҷагии деҳқонӣ;

– тартиби даъвати маҷлиси аъзои хоҷагии деҳқонӣ;

– тартиби ҳалли баҳсҳо;

Тибқи қисми 2 ҳамин модда, ҳангоми тағйир ёфтани шумораи аъзои хоҷагии деҳқонӣ ба феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он ва шартномаи фаъолияти якҷоя тағйиру иловаҳои дахлдор ворид гардида, иқтибос дар ин хусус дар давоми на дертар аз як моҳ ба ҷамоати деҳот (шаҳрак), мақомоти маҳаллии андоз ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳод карда мешавад.

Бояд қайд кард, ки мувофиқи банди сеюми моддаи 22 Қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ”, барои амалӣ гардонидани бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ ба ғайр аз дигар ҳуҷҷатҳои дар ин модда пешбинишуда, инчунин бояд нусхаи сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин ё нусхаи қарор дар бораи ҷудо намудани қитъаи замин дар ҳолати бақайдгирии хоҷагии деҳқонии (фермерии) фардӣ ё оилавӣ, рўйхати аъзои хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ), рақами мушаххаси андозсупоранда барои ҳар яки онҳо, пешниҳод карда шавад.

Мувофиқи бандҳои 12 ва 13-и қисми дуюми моддаи 8 Қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ”, феҳристи ягонаи давлатӣ дар бораи соҳибкорони инфиродӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ маълумоти зеринро дар бар мегирад:

– маълумот дар бораи аъзо ва роҳбари хоҷагии деҳқонӣ (маълумот аз ҳуҷҷате, ки шахсияти аъзои хоҷагии деҳқониро тасдиқ мекунад);

– маълумот дар бораи номи хоҷагии деҳқонӣ, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҷудо гардидани қитъаи замин, масоҳати қитъаи замини ҷудогардида, маҳалли ҷойгиршавӣ, намуд ва шакли замин аз рўи тақсимоти кадастрӣ (обӣ, лалмӣ, корам ва ё чарогоҳ)

Тартиб ва асосҳои қатъ намудани ҳуқуқи истифодабарии қитъаҳои замини заминистифодабарандагонро боби 5 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешбинӣ намуда, асосҳои қатъ гардидани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин дар моддаи 37 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушаххасан номбар шуда, ин ҳуқуқ набояд бо дигар асосҳо қатъ гардонида шавад.

Аз ҷумла, мувофиқи моддаи 37 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқи истифодаи замин ё як қисми он дар ҳолатҳои зерин қатъ мегардад:

а) даст кашидан аз қитъаи замин ба таври хаттӣ, ки аз тарафи заминистифодабарандагон имзо шудааст;

б) қатъ гардидани фаъолияти заминистифодабарандагон;

в) истифода набурдани қитъаи замин барои эҳтиёҷоти кишоварзӣ дар давоми ду сол ва шурўъ накардан ба сохтмон дар замини барои эҳтиёҷоти ғайрикишоварзӣ додашуда, дар давоми се сол;

г) ғайри таъиноти мақсаднок истифода бурдани қитъаи замин, ки дар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи замин нишон дода шудааст;

д) истифодаи қитъаи замин бо усулҳое, ки боиси паст шудани ҳосилхезии замин, заҳролудшавии он бо маводи кимиёвӣ, радиоактивӣ ва дигар мавод ва боиси бад шудани вазъи экологӣ мегардад;

е) ба охир расидани муҳлати истифодаи қитъаи замин;

ж) гирифтани замин барои эҳтиёҷоти давлатӣ ё ҷамъиятӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур (Қонуни ҶТ аз 5.01.2008 № 357).

з) аз узвияти хоҷагии деҳқонӣ баровардан бо асосҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 1.08.2012 № 891);

и) пеш аз муҳлат қатъ гардидан ва ё ба анҷом расидани муҳлати амали созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ (Қонуни ҶТ аз 14.11.2016 № 1363).

Аз мазмуни банди “з” қисми 1 моддаи мазкур муайян аст, ки яке аз асосҳои қатъ намудани ҳуқуқи истифодаи замини саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқонӣ,  ин аз узвияти хоҷагии деҳқонӣ баровардан бо асосҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)” пешбинӣ менамояд, мебошад.

Масъалаи мазкур бо сархати дуюми моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)” танзим гардида, тибқи он, ба салоҳияти маҷлиси аъзои хоҷагии деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ, қабули шаҳрвандон ба узвияти хоҷагии деҳқонӣ ва баровардан аз узвияти он (инчунин ҳангоми қабули мерос), мансуб мебошад.

Узви хоҷагии деҳқонӣ ҳуқуқ дорад дар маҷлиси аъзои хоҷагии деҳқонӣ иштирок карда, нисбати масъалаи баррасишаванда ақидаи худро иброз намояд ва овоз диҳад.

Маҷлиси аъзои хоҷагии деҳқонӣ ва қарорҳои қабулкардаи он дар сурате салоҳиятнок ҳисобида мешаванд, агар дар маҷлис на кам аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзои хоҷагии деҳқонӣ иштирок дошта бошанд.

Қарорҳои маҷлиси аъзои хоҷагии деҳқонӣ доир ба масъалаҳое, ки дар қисми 1 моддаи мазкур муайян шудаанд, бо тарафдории на кам аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзои дар маҷлис иштирок дошта қабул карда мешаванд. Оид ба масъалаҳои дигар, аз ҷумла доир ба интихоби раисикунандаи маҷлис, қарорҳо бо ҷонибдории аксарияти шумораи умумии аъзои хоҷагии деҳқонӣ қабул карда мешаванд.

Қарорҳои маҷлиси аъзои хоҷагии деҳқонӣ бо протокол ба расмият дароварда шуда, ба он раисикунандаи маҷлис ва аъзои иштирокдошта имзо мекунанд. Иҷрои қарорҳои маҷлиси хоҷагии деҳқонӣ барои аъзои он ҳатмӣ мебошад.

Ҳамин тариқ, аз мазмуни меъёри мазкур муайян мегардад, ки хориҷ кардани шаҳрвандон аз узвияти хоҷагии деҳқонӣ ва қабули саҳмдорон ба узвияти хоҷагии деҳқонӣ салоҳияти маҷлиси умумии аъзои хоҷагии деҳқонӣ буда, чунин қарор танҳо бо розигии аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзои дар маҷлис иштирокдошта қабул карда шуда, чунин маҷлис танҳо дар ҳзолате салоҳиятнок мебошад, ки агар аз се ду ҳиссаи аъзои хоҷагии деҳқонӣ дар маҷлис иштирок дошта бошанд. 

Боиси қайд аст, ки моддаи 39 Кодекси замин, муқаррар намудааст, ки қарор дар бораи қатъ гардонидани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин бо асосҳои пешбининамудаи бандҳои “а”, “б”, “е” ва “ж” моддаи 37 Кодекси мазкур аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия (шаҳр) қабул карда шуда, иҷрои қарор дар бораи қатъ гардонидани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин бо асосҳои пешбининамудаи бандҳои “е” ва “ж” моддаи 37 Кодекси мазкур баъд аз анҷом ёфтани мавсими кишоварзӣ амалӣ карда мешавад.

Маҷбурӣ қатъ гардидани ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин бо асосҳои дар бандҳои “в”, “г” ва “д” моддаи 37 Кодекси мазкур пешбинишуда танҳо дар асоси қарори суд амалӣ карда мешавад.

Вале, дар моддаи мазкур мушаххасан дарҷ нагардидааст, ки маҷбурӣ қатъ гардидани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин бо асосҳои дар банди “з” Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда дарҷ нагардида, тавре дар боло зикр гардида ин масъала танҳо дар моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)” бо роҳи баровардани аъзои хоҷагии деҳқонӣ аз узвияти он танзим гардидааст.

Дар ҳақиқат дар таҷрибаи судӣ вобаста ба масъалаи мазкур гуногунфаҳмиҳо ҷой дошта, баррасии парвандаҳо нишон медиҳад, ки ин муқаррароти меъёрҳои қонунгузорӣ дар аксарияти ҳолат риоя намешаванд.

Аз ҷумла, то ҳол хоҷагиҳои деҳқоние вуҷуд доранд, ки танҳо дар асоси қарори раисони ноҳия ташкил карда шуда, сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ва ё шаҳодатномаи ҳуқуқи истифолаи заминро надоранд.

Дар бисёр ҳолатҳо роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ бо роҳи таҳия намудани протоколҳо ва ё қарорҳои аъзои хоҷагии деҳқонӣ бо имзои худ ҳамчун роҳбар ва як аъзои хоҷагии деҳқонӣ ҳамчун котиб, саҳмдоронро аз аъзогии хоҷагии деҳқонӣ хориҷ намуда, дар протоколҳо имзои дигар саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқонӣ вуҷуд надоранд, ки ин мухолифи меъёри дар боло зикршуда қонуни соҳавӣ дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошад.

Мушкилии дигар зимни ҳалли масъалаи мазкур дар он зоҳир мегардад, ки қисми зиёди саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки имрӯз бо аризаҳои даъвогӣ дар бораи беэътибор донистани протоколҳои маҷлиси аъзои хоҷагии деҳқонӣ муроҷиат менамоянд, солҳои тӯлонӣ умуман дар ин қитъаҳои замин фаъолият накардаанд ва иддао пеш меоранд, ки онҳо дар бораи хориҷ шудани худ аз аъзогии хоҷагии деҳқонӣ хабар надоштанд ва ё намедонистанд, ки онҳо низ дар ин хоҷагиҳо саҳм доштаанд.

Дар аксар ҳолатҳо ба ин хоҷагиҳои деҳқонӣ аъзоёни нав қабул карда шуда, онҳо муддатҳои тӯлони қитъаҳои заминро истифода намуда, онҳоро ҳосилхез гардонидаанд, ё ба гардиши кишоварзӣ даровардаанд ва ё боғҳо бунёд намудаанд, ки онҳо ба ҳосил даромадаанд, яъне дар ин қитъаҳои замини мавриди истифодаашон қарордошта хароҷоти зиёд масраф намудаанд.

Бояд тазаккур дод, ки тавре зикр гардид мутобиқи банди “в” Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз асосҳои қатъ намудани ҳуқуқи истифодаи замин, ин истифода набурдани қитъаи замин барои эҳтиёҷоти кишоварзӣ дар давоми ду сол, мебошад.

Аз ин лиҳоз, ба андешаи ман зимни ҳалли чунин баҳсҳо мо бояд ба он ҳолат баҳо диҳем, ки аз даврае, ки шахс дар бораи саҳмдор будани худ дар хоҷагии деҳқонӣ маълум дошт ва аз фаъолият дар ин қитъаи замин даст кашидааст, агар ду сол сипарӣ гардида бошад, пас аз гузаштани ин муҳлат судяҳо бояд ҳисоби ҷараёни муҳлати даъворо низ ба ҳисоб гирифта, дар маҷмӯъ дар ҳолати гузаштани панҷ сол (яъне муҳлати ду солаи муқаррарнамудаи моддаи 37 ва муҳлати сесолаи даъво) бояд чунин даъвоҳоро бо татбиқи муҳлати даъво рад намоянд.    

Вобаста ба масъалаи мазкур бинобар мушаххас танзим нагардидани ҳамаи масъалаҳо бо қонунгузорӣ ва ҷой доштани баъзе мухолифтҳо байни қонунгузории замин, албатта байни мақомотҳо гуногунфаҳмӣ ҷой дошта, ба ҳам мутобиқ гардонидани меъёрҳои танзимкунандаи ин муносибатҳо ба мақсад мувофиқ мебуд.

Муовини раиси Суди

иқтисодии вилояти Хатлон:-                                             Қурбониён Б.С.

Прокрутить вверх