ТОҶИКИСТОН  ВАТАНИ  НАВРӮЗ  АСТ

«Наврӯз барои миллати тоҷик китоби сарнавишт  буда, ниёгони мо ҳатто дар 

давраҳои мушкилтарини таърихӣ ин  ҷашни муқаддас ва хуҷастаи худро ҳимоят

мекарданд ва бо Наврӯз дубора зинда мешуданд. Наврӯз ҳамчун

ҷавҳари тобнок ва нишони ҷовидонаи тамаддуни халқи тоҷик ҳамеша

нигоҳдорандаи мардум, забон, расму ойин, фарҳангу таърих ва ниҳоят Ватан будааст».

                                                                                          Эмомалӣ Раҳмон                                

Ҷашни Наврӯз ойини мардуми ориёӣ аст, ки то ба имрӯз расидааст  ва пайванди амиқи гузаштаи таърихи мо – тоҷикон  бо имрӯз аст.

Истилоҳи Наврӯз вожаи паҳлавӣ буда, аввал “нукрӯз” ном бурда мешуд ва баъд шакли “наврӯз”-ро гирифт. Маънои рӯзи нав, соли нав, иди  сари солро дорад. Гоҳо иди баҳор, арӯси сол низ мегӯянд.

Ба ақидаи муҳаққиқон вуруди Наврӯз се ҷанба-дидгоҳи асосӣ  дорад: асотирӣ (мифологӣ), нуҷумӣ ва моддӣ.

Ривоятҳо дар боби пайдоиши Наврӯз зиёд аст,  вале ду ақидаи он  қобили қабул шуда метавонад.

Аввал он, ки Наврӯз таърихи беш аз 6000-сола дорад. Дар Занд Авесто омадааст, ки баъди 3000 соли подшоҳӣ мабдаи некӣ-Аҳуромаздо аз тарафи мабдаи бадӣ-Аҳриман тааруз мегардад. Ҷамшед ба муқобили ӯ рӯшноиро равон месозад ва нур бар зулмот ғолиб мебарояд, ки он рӯзро Наврӯз номиданд. 

Дар ривояти дигар ба тахт нишастани  шоҳ Ҷамшедро оғози Наврӯз медонанд. Абулқосим Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” оид ба ин далел чунин гӯяд:

Ба фарри каёнӣ яке тахт сохт,

Чу моя бад-ӯ гавҳар андар нишохт.

Чу хуршеди тобон миёни ҳаво,

Нишаста бар ӯ шоҳи фармонраво.

Ҷаҳон анҷуман шуд бари тахти ӯ,

Фурӯ монда хуршед аз бахти ӯ.

Ба Ҷамшедбар гавҳар афшонданд,

Мар он рӯзро Рӯзи Нав хонданд.

Офтоб баъди паймудани 12 бурҷ ба хати экватор баробар мешавад. Шабу рӯз мусовӣ мегарданд, ки онро офтобтарозу мегӯянд. Зуҳури Наврӯз аз рӯйи ҳисоби деҳқонӣ дар аввали моҳи ҳамал,  аз рӯйи ҳисоби мусулмонӣ дар оғози фарвардинмоҳ ва тибқи солшумории мелодӣ  ба 21-22-юми март рост меояд.

Ва ниҳоят  Наврӯз оғози  баҳору  эҳёшавии  табиат ва кишту кор аст,  хок ҷон гирифта, гарм мешавад, ҷонварон аз хоби замистона бармехезанд. Гулҳои нахустини наврӯзӣ: сиёҳгуш ва бойчечак аз омадани баҳор хабар медиҳанд.

Ниёгони мо Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомат ҷашн мегирифтанд. 

Наврӯз чун ҷашни шоҳон нахуст баргузор мешуд ва омма низ бо шукуҳ  ва ҷалоли хос аз ин ид таҷлил мекарданд. Масалан, ба гуфтаи Абурайҳони Берунӣ  дар аҳди Сосониён  шоҳ Наврӯзро 6 рӯз ҷашн мегирифт. 1. Наврӯзи омма. 2. Наврӯзи мансабдорон, дороён. 3. Наврӯзи мӯбадон. 4. Наврӯзи аҳли дарбор.  5. Наврӯз бо хешу табор. 6. Наврӯзи хосаи шоҳ  ё Наврӯзи бузург.

Наврӯз то ба замони мо расидан марҳилаҳои душвори таърихиро  гузаштааст. Хусусан дар аввалҳои густариши ислом истилогарон мехостанд ин анъанаи миллиро барҳам дода, аз зеҳни мардум дур кунанд. Аммо бузургони дину миллат, аз қабили Имом Ҷаъфари Содиқ, Имоми Аъзам ва минбаъд  Абурайҳони Берунӣ, Умари Хайём ва садҳо абармардони фарҳангӣ ба ҳимояти Наврӯз бархоста, бо фатвоҳо ва таълифи асарҳои оламшумуле чун “Ат-тафҳим”-у “Наврӯзнома” ин суннати таърихиро  нигоҳдорӣ намуданд ва бар шукӯҳи он афзуданд.  Ҷашни бостонӣ бо дини мубини ислом омезиш ёфт ва беҳтарин анъанаҳои мазҳабиро, аз қабили пос доштани хотираи гузаштагон, аёдати пирону барҷомондагон, зиёрати мазори гузаштагон ва дуою фотеҳа дар ҳаққи онон пазируфт.

Мегӯянд,  падари Имоми Аъзам-Абуҳанифа вақте ки ба ҳазрати Алӣ (р) асал ҳадя мебарад ва ӯ мефаҳмад, ки ба муносибати иди Наврӯз аст, дуо мекунад: “Наврӯз-ул-анна кулла  явмин”, яъне ҳар рӯзи моро Наврӯз бигардон.

Гуфтан   мумкин аст, ки ислом Наврӯзро аз байн набурд, балки онро такмил додааст. Фақат ба ҷойи ҳафтшин  (шир, шакар, шамъ, шароб, шаҳд, шона, шамшод), ки дар таркибаш шароб буд, ҳафтсинро (суманак, себ, самак-моҳӣ, сир, санҷид, сирко, сипанд)-ро ҷорӣ карданд.

Дар даврони шӯравӣ  низ як муддат ҷашнгирии Наврӯзро манъ карданд. Онро иди ҳосилот меномиданд. Аз миёнаҳои солҳои шастум зиёиёни тоҷик бо сарварии Б.Ғафуров, М.Турсунзода,  М.Осимӣ,  М.Қаноат, Ғ.Мирзо, Л.Шералӣ, М.Шакурӣ, Р.Масов ва даҳҳо дигарон барои эҳёи ҷашни бостонии ниёгон талошҳо варзиданд. Аввалин рӯзномае, ки ба тарғиби Наврӯз  шурӯъ кард, “Газетаи муаллимон” буд.  Аввалин мақола оид ба Наврӯз  бо  номи “Наврӯзи Ленинобод” соли 1968 дар рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” чоп шуда буд, ки ба қалами устод Л. Шералӣ мансуб буд. Ниҳоят соли 1978 ҷашнгирии Наврӯзро бо номи Иди баҳор  иҷозат доданд ва ҳамон сол он нахустин бор дар пояи ҳайкали устод Рӯдакӣ дар шаҳри Душанбе ҷашн гирифта шуд.

Истиқлолияти давлатӣ ба мо имконият дод, ки суннатҳои неки ниёгонамонро,  аз  қабили  Иди  Сада, Иди  Меҳргон ва Иди Тиргон аз нав эҳё, ҳифз ва пешкаши ҷаҳониён гардонем.

Қобили зикр аст, ки бо талошҳои пайгирона ва дастурҳои хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пешниҳоди бевоситаи Тоҷикистон ва  давлатҳои ҳавзаи Наврӯз Иҷлосияи 64-уми Ассамблеяи Генералии СММ  29-уми феврали соли 2010 дар бораи “Рӯзи байналмилалии  Наврӯз” эълон шудани  21-уми март қатънома қабул кард ва бо ҳамин  Наврӯзи тоҷикон ва қавмҳои ориёӣ, ки амалан кайҳо ҷаҳонӣ буд, расман  ҷаҳонӣ шуд.

Гулафшон гашт аз нав зиндагонӣ,

Бишуд Наврӯзи фаррухпай ҷаҳонӣ.

Ҳамчун ҷашни байналмилалӣ  қабул шудани  иди  Наврӯз далел бар он аст, ки  Наврӯз марз, ҳудуд, нажод ва ғайраро намешиносад ва ҷашнест, ки ҳама миллатҳои ҷаҳон метавонанд таҷассуми ормонҳои худро дар он бубинанд. Айни замон Наврӯз дар байни 13 давлати ҷаҳон чун ҷашни миллӣ таҷлил карда мешавад. Аз ҷумла, тибқи  муқаррароти Қонуни Тоҷикистон ” Дар бораи рӯзҳои ид”  рӯзҳои 21-24  ҳамчун Иди байналмилалии Наврӯз рӯзҳои ғайрикорӣ дониста мешаванд. Дар ин рӯзҳои истироҳатӣ сокинони ҷумҳурӣ имконият доранд дар тантанаҳои наврӯзӣ иштирок намуда, ба қавли устоди зиндаёд Л.Шералӣ аз “тозакориҳои табиат” ва чорабиниҳои наврӯзӣ, аз қабили тайёр кардани хӯрданиҳои ҳархела, оростани дастархони  наврӯзӣ, иборат аз ҳафтсин ва ҳафтшин, бозиҳои гуногуни варзишӣ ва суруду мусиқӣ ҳаловат баранд.

Ҳақ  ба ҷониби шоир аст, ки гуфтааст:

Фасли гул дар чамани Наврӯз аст,

Савти гул-гулфикани Наврӯз аст.

… Ҳар куҷо анҷумани Наврӯз аст,

Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст!

Сайдалӣ Сироҷиддин Сайвалӣ, судяи Суди иқтисодиивилояти Хатлон

Прокрутить вверх