Терроризм яке аз бемориҳои хатарноки ҷомеаи муосир мубаддал гардидааст.

Имрӯз терроризм яке аз мушкилоти рӯзмарраи замони мост. Терроризм дар ҳамагуна шакл ба яке аз бемориҳои хатарноки ҷомеаи муосир табдил ёфтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон мубориза бо терроризмро муҳимтарин вазифаи таъмини амнияти миллии худ ва тамоми ҷаҳон медонад ва ҷонибдори таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар ин самт мебошад. Шиддати таҳдидҳои терроризму ифротгароӣ дар ҷаҳони муосир то имрӯз боқӣ мондааст. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ оид ба ин масъала таъкид доштанд, ки «…таваҷҷуҳи асосӣ бояд ба пешгирии терроризму ифротгароӣ равона карда шавад, пешгирии ҳолатҳои шомилшавии шаҳрвандони кишвар ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, инчунин бозгашти шахсони гумроҳшуда ба Ватан…”. Пешвои миллат баён карданд, ки аз байн бурдани манбаъҳои маблағгузории терроризм, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир низ омили муҳими ноил шудан ба пешрафт дар мубориза бо ин ҷиноят мебошад. Қурбони терроризим дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд. Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳи пасти шароити зиндагӣ, бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан ҷавонон боиси шомил шудани онҳо ба гуруҳи ифротгаро мегардад. Дар чунин вазъият ҳар як фарди соҳибмаърифат ва хоссатан падару модарро масъулияти азим мебояд, зеро аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон яке аз омилҳои мубориза бар зидди падидаи нанговари ҷомеаи имрўза-терроризм ва ифротгароӣ маҳсуб меёбад.

Хулосаи матлаб ин, ки ба мо ҳамагон лозим аст, кушиш ба харҷ диҳем, фарҳанги динию миллиамонро боло бардорем. Ба ҷомеа алалхусус ҷавононамон фаҳмонда тавониста бошем, ки бо тақлидҳои кур-курона дунболи гурӯҳҳои ифротӣ нараванд.

Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар талош варзад. Зеро ояндаи халқу миллати тоҷикро бе мавҷудияти давлати миллии тоҷикон тасаввур кардан ғайриимконаст.

Судяи Суди иқтисодии

вилояти Хатлон                                                     Саидзода З.С.

Прокрутить вверх