Тамошои дастаҷамъонаи Паём аз ҷониби Кормандони Суди иқтисодии вилояти Хатлон

28 декабри соли 2023 дар Суди иқтисодии вилояти Хатлон тамошои дастаҷамъонаи пахши мустақими телевизионии Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.

Дар тамошои Паём кормандони Суди иқтисодии вилояти Хатлон бо руҳияи баланди ватандӯстиву худогоҳии миллӣ ширкат варзиданд.

Президенти мамлакат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро дар соли 2023 дар қиёс ба солҳои гузашта таҳлил намуда, дар баробари натиҷагирии солона ва таъкиди дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, вазифаҳоро барои сохторҳои давлатӣ ҷиҳати таъмини ҳаёти осоишта ва рушди давлат муайян намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зимни суханронӣ таъкид карданд, ки мо бояд аз истиқлолу озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ шукрона кунем, шукронаи Ватани соҳибихтиёру маҳбубамонро ба ҷо орем, онро сидқан дӯст дорем, ба давлати соҳибистиқлоламон содиқ бошем, ҳамаи саъю талоши худро ба хотири пешрафтаву нерӯманд гардонидани он ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони азизамон равона намоем.

Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, такмили қонуният, фаъолияти мақомоти ҳифзу ҳуқуқу тартибот, рушди соҳибкорӣ, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зан-модар, ҷавонон таъкид гардида, ба некуаҳволии шаҳрвандон, ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангии миллӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва пос доштани анъанаҳои миллии ниёгон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

 Ба ҳамагон маълум аст, ки дар Паёмҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2000-ум сар карда, тараққиёти иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсию фарҳангиро ҳаматарафа таҳлил намуда, вазифаҳои асосиро барои сохторҳои давлатӣ ва шаҳрвандони мамлакат муайян менамоянд. Паём ҳамчун барномаи давлатӣ нақшаҳои нави коргузориро дар назди масъулин мегузорад, ки иҷро гардидани он ҷомеаи Тоҷикистонро ба рушду тараққиёт роҳнамоӣ мекунад.

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро кормандони Суди иқтисодии вилояти Хатлон мустақиман тавассути шабакаҳои телевизионӣ тамошо карданд, ки минбаъд дар фаъолияти амалӣ ҳамчун барномаи роҳнамо мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.

Прокрутить вверх