Бо камоли эҳтиром ва самимият ҳамаи мардуми шарифи Тоҷикистонро бо фаро расидани Наврӯзи байналмилалӣ табрик ва шодбош мегӯям.
Бо шарофати ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ва заҳматҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 21-уми мартро ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз эътироф намуда, Наврӯз ба иди байналмилалӣ табдил гашт.
Сарвари давлат Наврӯзи ҷаҳониро падидаи нотакрори фарҳангӣ ва унсури тамаддуни миллӣ номида, таъкид доштаанд, ки ин ҷашни бостонӣ дар масири таърих тамоми инсониятро ба созандагиву офарандагӣ, бунёди тарҳи нави зиндагӣ ва ташаббусу иқдомҳои тоза ҳидоят намудааст. Ҳикмати Наврӯз беҳтарин суннатҳои волои аҷдодиро тарғиб намуда, оғози рӯзи наву соли нав, рамзи пирӯзию рӯшноӣ, густариши дӯстию рафоқат, фаровонии хайру баракат ва орзую омоли неки мардум дар сиришти ин ҷашни бостонӣ нуҳуфтааст.
Бори дигар Наврӯзи хуҷастапай ба Шумо ва наздикону пайвандонатон муборак бод, бигузор ҳамеша осмон софу ваҳдату якдигарфаҳмӣ ва пирӯзиву пешравӣ ҳамқадами ватани маҳбубамон бошад.
Раиси суд Искандарзода Б. М.