Сафари кории Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Р.П. ба ноҳияи Спитамен

Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Р.П. санаҳои 19-20 марти соли 2024 бо сафари корӣ ба ноҳияи Спитамен ташриф оварда, зимни сафар бо роҳбарону фаъолон ва собиқадорони ноҳияи Спитамен вохӯрданд. Ҳамзамон муҳтарам Мирзозода Р.П. зимни ташриф аз оғози корҳои кишту корӣ саҳроӣ ва ниҳолшинонӣ дидан намуда, бевосита дар ин корҳо иштирок намуданд.

Ғайр аз ин, раиси Суди Олии иқтисодӣ нуқтаҳои таъмини об, корхонаҳои саноативу маишӣ, гармхонаҳо ва дигар объектҳои ҷашниро аз назар гузаронида, ҷиҳати боз ҳам вусъат бахшидани саноатикунонии ноҳия бо роҳи зиёд кардани корхонаву фабрикаҳо, самаранок истифода намудани қитъаҳои замин, бунёди гармхонаҳои замонавӣ ва гирифтани якчанд ҳосил, маслиҳатҳои муфид пешниҳод намуданд.

Инчунин, муҳтарам Мирзозода Р.П. якҷоя бо фаъолони ноҳия муассисаҳои таълимии ноҳияро аз назар гузаронида, дар дарсҳои кушод ва зимни таҷлили ҷашни Наврӯзӣ дар ин муассисаҳо иштирок намуда, андешаҳои худро вобаста ба таърихи таҷлили ҷашни Наврӯз, эҳёву зинда нигоҳ доштани анъанаҳои миллӣ ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи Ватандӯстӣ иброз намуданд.

Прокрутить вверх