Санаи 04 апрели соли 2025 бо иштироки Раиси Суди Олии иқтисодӣ муҳтарам Абдуллозода З.Ф., Раиси Суди Олӣ муҳтарам Мирзозода Р.П., судяҳои собиқадор ва дигар судяҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсия бахшида ба рӯзи байналмилалии занон-судяҳо дар меҳмонхонаи Ҳаят Реҷенсии шаҳри Душанбе баргузор гардид. Зимни баргузории конфронс иштирокдорон оид ба ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани нақши зан дар ҷомеа ва ҷалби занон дар тамоми мақомоти давлатӣ, аз ҷумла ҳокимияти судӣ суханронӣ намуданд.

Прокрутить вверх