Рӯзи Ғалаба муборак

Ҳамасола дар кишварҳои зиёд, аз ҷумла дар ватани азизу маҳбуби мо ба хотири ёдбуди онҳое, ки баҳри халқу Ватан дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷони худро фидо намудаанд ва барои қадрдонии фидокории онҳое, ки баҳри ба даст овардани ғалаба заҳмат кашидаанд, 9 май ҳамчун Иди Ғалаба ҷашн гирифта мешавад. Рӯзи Ғалаба барои тамоми инсоният, аз ҷумла мо, халқи тоҷикистон низ аҳамияти муҳими таърихӣ дорад.
 Зеро, фарзандони тоҷик дар қатори аввалинҳо дар ҳайати ду дивизия ба дифои сарзаминҳои худ ва давлатҳои ҳоло ҳамсоя раҳсипор гардида буданд. Аз кишвари Тоҷикистон ҳамон давра тақрибан беш аз 290 ҳазор нафар бевосита дар задухӯрдҳои ҷангӣ иштирок намуда, аз худ ҷасорату мардонагиҳои бемисл зоҳир намуданд. Эҳсоси ватандӯстӣ ва ҳимояи ҷоннисоронаи он, имрӯз барои мо, ки истиқлолияти давлати худро таҳким бахшида, созандагиву бунёдкорӣ ва ободии Тоҷикистони азизро ҳадафи хеш қарор додаем, ҳамчун намунаи ибрат мебошад. Кам нестанд фарзандони тоҷике, ки ҳамчун қаҳрамон дар таърих номи худро пойдор гузоштаанд, аз ҷумла қаҳрамониҳои сарбозони тоҷик, ки худро ба болои мили танки душман партофтаанд, гувоҳи ин гуфтаҳост.
Беҳуда нест, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотираи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро то ҳол пос медоранд ва онҳоеро, ки дар қайди ҳаёт ҳастанд мавриди дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хоса қарор медиҳад.
Зеро, ин дарси таърих агар аз як ҷиҳат моро дар руҳияи ватандустиву ҷоннисорӣ барои пойдории давлатдории худ тарбия намояд, аз ҷиҳати дигар моро аз аҳамияти чун гавҳараки чашм нигоҳ доштани сулҳу ваҳдат ва амнияту оромӣ дар кишвари азизамон ҳушдор месозад.
Бо умеди пойдории ҳамешагии сулҳу ваҳдат ва осмони софу беғубори Тоҷикистони азизамон Рӯзи Ғалабаро ба кулли ҳамватанон табрику таҳният гуфта, ба мардуми шарифи Тоҷикистон ваҳдату якдилӣ, сулҳу амонӣ, хонаи обод ва саодатмандӣ таманно дорем.

Раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон Искандарзода Б.М.

Прокрутить вверх