Омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба самтҳои асосии сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ

          Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, ки дар ҷаласаи якҷояи Мачлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад, ҳамчун санади муҳими сиёсӣ-ҳуқуқии Президенти мамлакат буда, дар ҳаёти сиёсии давлат мавқеи муҳимеро ишғол намудааст. 

          Зеро, дар он масъалаҳои муҳими сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифта, он дар рушду инкишофи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа нақши муҳим дорад.

          Бо назардошти он, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давраи ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун як узви комилҳуқуқи ҷомеаи башарӣ эътироф гардидааст, Президенти мамлакат ба сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ аҳамияти хосса медиҳанд, зеро сиёсати хориҷӣ як ҷузъи таркибии сиёсати дохилии мамлакат ба ҳисоб рафта, онҳо ба ҳам робитаи ногусастанӣ доранд.

          Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба Маҷлиси Олии кишвар, ки 28 декабри соли 2024 ироа гардид, самтҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд. Сарвари давлат дар ин суханронӣ ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, густариши робитаҳои иқтисодӣ ва таъмини амнияту суботи минтақавӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

          Вобаста ба таҳкими ҳамкориҳо байналмилалӣ Президенти мамлакат таъкид карданд, ки сиёсати хориҷии Тоҷикистон бар пояи принсипҳои ҳамкорӣ, эҳтироми мутақобила ва манфиатҳои муштарак асос ёфтааст. Дар ин замина густариши робитаҳо бо кишварҳои ҳамсоя ва шарикони стратегӣ аз афзалиятҳои сиёсати хориҷии кишвар маҳсуб меёбад. Ҳамчунин, Тоҷикистон ба рушду ҳамкориҳо дар созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аҳамияти хосса медиҳад. Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои мавқеи стратегӣ дар минтақа ба густариши муносибатҳои дӯстона бо кишварҳои ҳамсоя ва дигар давлатҳои ҷаҳон аҳамияти махсус медиҳад. Мақсади асосӣ ташкили шароити мусоид барои рушди иқтисодӣ, фарҳангӣ ва амниятӣ мебошад. Дар ин раванд, ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ ва нақлиёт авлавият доранд.

Бо мақсади таъмини манфиатҳои миллӣ, Тоҷикистон ҳамкориҳояшро бо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ тақвият мебахшад. Аз ҷумла:

– Созмони Милали Муттаҳид (СММ) – дар масоили об, амният ва экология.
– Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) – дар мубориза бо таҳдидҳои амниятӣ ва тавсеаи робитаҳои иқтисодӣ.

– Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) – ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва амниятӣ.

Вобаста ба густариши робитаҳои иқтисодӣ дар Паём зикр гардид, ки барои таъмини рушди устувори иқтисодӣ ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ бо кишварҳои мухталиф зарур аст. Бо ин мақсад, Тоҷикистон сиёсати дарҳои кушодаро пеш гирифта, шароити мусоид барои фаъолияти сармоягузорони хориҷиро фароҳам меорад. Ҳамчунин, рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва энергетикӣ барои пайвастшавӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ аз самтҳои муҳими ҳамкориҳои иқтисодии хориҷӣ ба шумор меравад.

Тоҷикистон барои ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ сиёсати дарҳои кушодро пеш мебарад. Дар ин самт, ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ, имзои созишномаҳои савдои озод бо кишварҳои мухталиф ва гузаронидани форумҳои сармоягузорӣ ва пешниҳоди имтиёзҳо барои сармоягузорон аз самтҳои муҳим мебошанд.

Президенти кишвар таъкид намуданд, ки таъмини амният ва суботи минтақавӣ яке аз самтҳои калидии сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад. Баҳри мубориза бо таҳдидҳои ҷаҳонӣ дар Паём қайд гардид, ки Тоҷикистон ба хотири таъмини амнияти миллӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо таҳдидҳои глобалӣ, аз ҷумла терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир саҳми муҳим мегузорад. Инҷо аҳамияти ҳамкориҳои байналмилалӣ барои тақвияти амният ва ивазшавии маълумот байни сохторҳои интизомӣ махсус таъкид мешавад. Тоҷикистон бо дарназардошти мавқеи стратегӣ ва ҳамсояги худ бо минтақаҳои ноором, ба ин масъалаҳо таваҷҷуҳи ҷиддӣ медҳад. Тавре зикр гардид, барои пешгирӣ ва мубориза бо ин хатарҳо кишвар ҳамкориҳояшро бо созмонҳои байналмилалӣ тақвият мебахшад.

Ҳалли масъалаҳои экологӣ, бахусус масоили вобаста ба тағйирёбии иқлим ва истифодаи устувори захираҳои обӣ, аз масъалаҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон маҳсуб мешаванд. Президенти кишвар дар Паёми худ таъкид намуданд, ки об яке аз арзишмандтарин захираҳо мебошад ва Тоҷикистон дар сатҳи байнамилалӣ бо ташаббусҳои муҳим дар ин самт, аз ҷумла баргузории конференсияҳои обии Созмони Милали Муттаҳид, фаъолона иштирок менамояд.  Бо назардошти он ки Тоҷикистон дорои захираҳои бойи обӣ мебошад, кишвар ташаббускори як қатор барномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи об ва экология мебошад. Аз ҷумла: Пешниҳодҳои марбут ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (2018-2028), Ҳимояи манбаъҳои обӣ ва пешгирии оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлим.

          Сарвари давлат ҳушдор доданд, ки тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо таҳдидҳои ҷиддӣ барои амнияти озуқаворӣ ва рушди устувори минтақа мебошанд. Аз ин рӯ, Тоҷикистон даъват менамояд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ тадбирҳои фаврӣ барои ҳалли ин мушкилот андешад.

          Вобаста ба ҳалли дигар масъалаҳои глобалӣ дар Паём таъкид гардид, ки бо назардошти афзоиши аҳолӣ ва таҳдидҳои экологӣ, Тоҷикистон барномаҳоро ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ бо ҷалби шарикони байналмилалӣ идома медиҳад. Тоҷикистон ба ҳалли мушкилоти вобаста ба муҳоҷират, гурезаҳо ва ҳифзи ҳуқуқи инсон таваҷҷуҳ дорад. Инчунин, Президенти кишвар ба зарурати рушди ҳамкориҳо дар бахши технологияҳои инноватсионӣ ва рақамикунонӣ дар заминаи мубориза бо таҳдидҳои глобалӣ таъкид намуданд.

          Дар маҷмӯъ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳнамо барои сиёсати хориҷии кишвар мебошад, ки ҳадафи он ҳамкории созанда бо ҷомеаи байналмилалӣ дар мубориза бо таҳдидҳои ҷаҳонӣ, ҳалли мушкилоти экологӣ ва таъмини рушди устувор аст. Бо татбиқи ин ҳадафҳо, Тоҷикистон саҳми арзанда дар рафъи мушкилоти глобалӣ хоҳад гузошт.

Судяи суди иқтисодии вилояти Хатлон                        Азизӣ Ҷ.А.    

Прокрутить вверх