Озмуни ноҳиявии “Ҳунар Омӯз”

Бо мақсади муаррифии намудҳои гуногуни маҳсулоти ҳунармандӣ, эҳёи анъанаҳои аҷдодии ҳунарҳои мардумӣ, тарғиби таҷрибаи пешқадами ҳунармандони варзида, инчунин тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, хешташиносӣ, ҳунармандӣ ва ватандӯстӣ дар ноҳияи Спитамен озмуни “Ҳунар омӯз” доир гардид. Иқдоми мазкур ҷиҳати татбиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2023 роҳандозӣ шуд. Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи озмуни мазкур намунаи ҳунарҳои мардумии кандакорӣ, чӯбтарошӣ, сабадбофӣ, гаҷкорӣ, ойинабандӣ, кундалнигорӣ, заргарӣ, мисгарӣ, оҳангарӣ, зардӯзӣ, нақшдӯзӣ, опурӣ ва қолинбофӣ ба намоиш гузошта шуданд. Ғолибони озмун аз ҷониби намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Р.П. ва Раиси ноҳияи Спитамен Темурҷон Нӯмонзода бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр шуданд.

Прокрутить вверх