МИЗИ МУДАВВАР ТАҲТИ УНВОНИИ «ПАЁМ САРЧАШМАИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА ВА БОСАОДАТ»

Санаи 31 январи соли 2023 дар доираи нақшаи чорабиниҳои Суди иқтисодии вилояти Хатлон дар бинои Суди иқтисодии вилояти Хатлон мизи мудаввар таҳти унвони «Паём сарчашмаи зиндагии шоиста ва босаодат» ташкил ва баргузор карда шуд. Дар ҳамоиш раиси суд, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди иқтисодии вилояти Хатлон иштирок намуданд.

Маҷлисро Раиси Суди иқтисодӣ вилояти Хатлон муҳтарам Искандарзода Б.М. бо сухани ифтитоҳи оғоз намуда, қайд намуданд, ки  Президенти мамлакат Пешвои муаззами миллат Паёми набатии худро дар бораи вазъи кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, дастовардҳои мардуми тоҷикро дар сиёсати дохиливу хориҷӣ таҳлил ва самтҳои асосии мамлакатамонро барои давраҳои минбаъда муайян намуданд.

Раиси суд муҳтарам Искандарзода Б.М. иброз намуд, ки дар баробари қабули Конститутсияи миллии хеш эълон намудем, ки ҳадафи олии мо ин бунёди ҷомеаи адолатпарвар, ҳуқуқбунёду демократӣ, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ мебошад. Барои расидан ба ин ҳадафҳои олии давлат ҳамасола Паёми Асосгузори Сулҳу ваҳдати милл – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад, ки тавассути он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар муайян карда шуда, вазифаҳо барои беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагонӣ ва таъмини шароити арзандаву инкишофи озодона муқаррар карда мешаванд. Санаи 28-уми декабри соли 2023 Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат –  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, ки дар вазифаҳои мақомотҳои давлатӣ дар соли 2024, беҳтаркунонии сатҳи зиндагӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии халқ зикр гардид. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дурнамо ва рушду инкишофи давлатро муайян менамояд. Таъкид гардид, ки соли 2023 бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он, хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати ақлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор буд.

Зимни баромади худ Раиси Суд муҳтарам Искандарзода Б.М. баён намуд, ки соли 2024 тибқи Паёми Пешвои миллат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли маърифати ҳуқуқӣ эътироф гардид, ки мақсади асосии он ин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, дуруст ва пурра дарк намудани талаботи қонунгузорӣ, пешгирӣ намудани содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳо дар байни аҳолӣ ба шумор меравад. Бинобар ин ҳар яки моро зарур аст, ки фарҳанги ҳуқуқии хешро сайқал дода, даст ба қоидаву қонуншиканиҳо назанем, зеро рушди давлатдории ҳар як миллату давлат, бахусус рушди соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсии кишвар ин аз низоми устувории ҳуқуқии кишвар ва маърифати баланди шаҳрвандони он вобастагӣ дорад.

Яке аз ҳадафҳои асосии паёми мазкур ин баланд бардоштани сатҳи зиндагонии мардуми кишвар ва дар ин замина кам намудани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар мебошад. Вобаста ба ин Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шуд, ки барномаи давлатиро ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум андешида, чораҳои заруриро вобаста ба некуаҳволии мардум андешад. Таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ва бунёди ҷомеаи адолатпарвар ин ҳадафи олии давлат мебошад, ки меҳвари асосии паёми Президанти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медод. Баҳри баланд бардоштани соҳаи иқтисодии кишвар дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва соҳибкорон махсус таъкид гардида, зикр карда шуд, ки дар натиҷаи тадбирҳои амалигардида шумораи субъектони соҳибкорӣ дар 7 соли охир аз 62 ҳазор ба 350 ҳазор баробар гардид. Вобаста ба ин Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки барои баланд бардоштани шаффофият, боз ҳам беҳтар гардонидани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ ва бартараф кардани монеаҳои маъмуриву сунъӣ дар ин самт тадбирҳои саривақтиро амалӣ созанд ва ташаббусҳои соҳибкоронро ҳаматарафа дастгирӣ намоянд.             

Таваҷҷуҳи асосӣ ба он равона карда шуд, ки рушди босуботи соҳаҳои иқтсоди миллӣ, пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба он, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти содирот, ташаккули «иқтисоди сабз», суръат бахшидан ба раванди рақамикунонии бахшҳои иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ равона карда шавад. Бо мақсади ба пуррагӣ таъмин намудани сиёсати давлат оиди таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ва инкишофи озодона барои ҳар як шаҳрванд таъкид гардид, ки аз ҷониби бонкҳо ба шаҳрвандон қарзҳои дастрас пешниҳод карда шуда, сатҳи камбизоатӣ паст гардида, шароити зиндагонии шаҳрвандон беҳтар гардонида шавад. Таъмини интернети баландсуръат, дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ, додани қарзҳои имтиёзнок, такмили қонунгузорӣ, монеъ нашудан ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, рушди босуръати иқтисодиёт, бунёди корхонаҳои нав, баланд бардоштани сифати таълим ва ғайраҳо аз ҷумлаи кафолатҳои давлатие буданд, ки зимни ироаи паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардид.

Раиси суд муҳтарам Искандарзода Б.М. зикр намуд, ки ҳар яки моро зарур меояд, ки фаъолияти кории худро дар заминаи Паёми пешвои миллат ба роҳ монда, ҳар як банд ва дастуру супоришҳои онро сармашқи кории худ қарор диҳем ва дар амалигардонии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар нақшгузор бошем.

 Таъкид карда шуд, ки агрегати сеюми неругоҳи обии барқии Роғун соли 2025 ба истифода дода мешавад ва ин амал имконият медиҳад, ки мо ҳадафи стратегии давлат, яъне таъмини истиқлолияти энергетикиро таъмин намоем.

Раиси суд муҳтарам Искандарзода Б.М. қайд кард, ки таъмини амнияти озуқаворӣ, баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ, истиқлолияти энергетикӣ ва босуръат саноатикунонии кишвар ин ҳадафҳои стратегии давлат мебошанд, ки меҳвари асосии паёми Пешвои миллатро ташкил медод. Баҳри расидан ба ин ҳадафҳои старегӣ таъкид карда шуд, ки дар кишвар як қатор роҳҳои байналмилалӣ сохтаву ба истифода дода шуда, бунёди роҳҳои дигар, ки моро ба кишвари транзитӣ ташкил медиҳанд бомаром идома доранд. Баҳри расидан ба таъмини амнияти озуқаворӣ таъкид карда шуд, ки вазъи ҳассоси ҷаҳони имрӯза, бахусус, ба танқисии шадиди озуқаворӣ дучор гардидани чоряки кишварҳои дунё моро водор месозад, ки ҷиҳати таъмин намудани ҳадафи статегиамон-ҳифзи таъмини амнияти озуқаворӣ тадбирҳои иловагӣ андешем.

  Ҳамчунин Раиси суд муҳтарам Искандарзода Б.М. иброз намуд, ки воқеан мо тавонистем, ки зери сиёсати хирадмандона ва созандаи Пешвои муаззами миллат роҳҳои байналмилалӣ бунёд намуда ба иқтисоди ҷаҳон пайваст гардем, инчунин неругоҳҳои обии барқӣ бунёд намудем, корхонаҳои саноатӣ бунёд намуда, ҳазорон ҷойҳои холӣ барои шаҳрвандони  мамлакатамон муҳайё намудем, ки ҳама баҳри ноил гардидан ба чор ҳадафи миллиамон мебошад ва бинобар ин моро зарур аст, ки сиёсати давлату миллатамонро ба пуррагӣ дастгирӣ намуда, баҳри бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ саҳмгузор бошем. Таҷрибаи талхи иддае аз халқияти давлатҳо моро водор ба он менамояд, ки ҳисси миллии худро боло бардошта, манфиати давлату миллатамонро аз ҳамаи дигар манфиатҳои шахсӣ боло гузорем. Яке аз бандҳои асосие, ки ҳамасола дар паёми Пешвои миллат зикр мегарданд ин баланд бардоштани андозаи  музди меҳнат ва нафақапулӣ мебошад, ки ин сиёсати ғамхоронаи Пешвои миллат нисбат ба халқамон мебошад. Вазифаи ҳар яки мо аз он вобаста мебошад, ки фаъолияти корӣ ва меҳнатии худро дар доираи қонунҳои кишвар ба роҳ монда, шукргузор аз ин ватану миллати хеш бошем. Бояд қайд намуд, ки имрӯз иддае аз хоинони миллат бо ташкили ҳар гуна гӯрӯҳҳои экстремистиву терористӣ хоҳони таъсир расонидан ба оромии давлат, миллат ва ҳар яки моро намуда, шаҳрвандони мамлакат, бахусус ҷавонони дур аз нигоҳи қонунро ба худ ҷалб намуда, бар зидди давлату миллати хеш омода менамоянд. Бинобар ин ҳар яки моро зарур меояд, ки пойбанди андешаву афкори ин хоинони ватан нагардида, ба ин гуна гӯрӯҳҳои террористӣ шомил нагардем. Ин ватанро мо, Шумо ва фарзандони аслии ин миллат обод менамоем ва дурнамову рушди давлатамон маҳз аз шаҳрвандони мамлакатамон вобастагӣ дорад.

Бо мақсади таъмини сиёсати иҷтимоии давлат, беҳтар намудани сифати зиндагонӣ ва вазъи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳод карда шуд, ки музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ, дигар кормандони ин мақомот, кормандони муасисаҳои маориф, илм, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, стипендияҳо, андозаи нафақаи заминавӣ ва нафақаҳои суғуртавӣ зиёд карда шуданд.

Соҳаи маориф ҳамчун соҳаи афзалиятноки кишвар дар паёми мазкур зикр гардида, диққати асосӣ баро ба камол расонидани кадрҳои баландихтисос, донишманд ва илмдуст равона гардид.

Зимни баромад Раиси суд муҳтарам Искандарзода Б.М. баён намуд, ки дар маҷмӯъ мӯҳтавои асосии Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардид ба рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар бахшида шуда, ҳар яки моро вазифадор менамояд, ки фаъолияти кории хешро софдилона ва поквиҷдонона амалӣ намуда, дар рушди низоми иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар саҳми назарраси худро гузошта бошем.

Раиси суд муҳтарам Искандарзода Б.М. қайд намуданд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ аз ҳама нуқтаи муҳимро нисбати фаъолияти Ҳукумат кишвар вазорату кумита, сохторҳои низомию қудратӣ ва ба мардуми шарифи кишвар чунин таъкид ва вазифагшузорӣ карданд: «Ҳамаи мо вазифадорем, ки дар шароити ниҳоят ҳасос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатараҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳарвақти дигар босабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ бошем»

Дар охири баромад Раиси суд муҳтарам Искандарзода Б.М. зикр кард, ки дар маҷмӯъ имсол, ки соли маърифати ҳуқуқӣ мебошад ҳар яки моро зарур аст, ки фарҳанги ҳуқуқии худро сайқал диҳем, даст ба қонуншиканӣ назанем, фаъолияти кории худро дар доираи қонунҳои амалкунандаи кишвар ба роҳ монем ва дарк намоем, ки риояи қонун моро ба зиндагии устувор, ором ва солим мебарад.

Дар идома, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди иқтисодии вилояти Хатлон низ андешаҳои судманд ироа дошта, дар заминаи Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар табодули афкор намуданд.

Прокрутить вверх