МАЪРИФАТИ БАЛАНДИ МОЛИЯВӢ ОМИЛИ РУШДИ ИҚТИСОДИ  МАМЛАКАТ

28 декабри соли 2024 Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба   Маҷлиси Олӣ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ироа гардид.

Дар аввал Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд  намуданд, ки ҳоло кишвари мо дар марҳилаи нави тараққиёти худ қарор дошта, бо амалӣ намудани стратегияву барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст. Дар баробари ин, нооромиву низоъҳои ҷаҳони имрӯза ва дигар омилҳои берунӣ моро водор месозанд, ки барои пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёти кишвар тадбирҳои саривақтӣ андешем. Дар ин ҷода моро зарур аст, ки дар заминаи  амалисозии ҳадафҳои миллиамон, пеш аз ҳама амнияти миллӣ ва рушди устувори  иқтисодиро таъмин намоем ва сатҳу сифати зиндагии мардумро  боз ҳам баланд бардорем.

Қайд гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва бо ин роҳ беҳтар гардонидани шароити зиндагии мардум як қатор корҳои бузургро амалӣ намуд. Дар натиҷа, соли 2024 ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба беш аз 150 миллиард сомонӣ ва сураъти рушди воқеъии он ба 8,4 дарсад баробар гардид. Сатҳи таваррум дар сатҳи 3,6 фоиз нигоҳ дошта шуд.

Дар  паёми имсола  дастовардҳои ноилшудаи Тоҷикистон таи вақтҳои охир, хусусан, дар панҷ соли гузашта баён гардид.

Қайд гардид, ки дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоизро ташкил дод. Аз ҷумла дар ин муддат маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ чор маротиба ( солҳои 2020, 2022, 2023, 2024) ва дар маҷмуъ ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шуд. Дар ин муддат, яъне дар панҷи соли охир сатҳи таваррум ё баланшавии нархҳои истеъмолӣ ҳамагӣ 29 фоизро ташкил кард.

Роҳбари давлат  қайд карданд, ки ташаккул додани маърифати молиявии шаҳрвандон ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ ҳамчун яке аз оимлҳои асосии татбиқи самараноки сиёсати андозу буҷет, аз ҷумла дар масъалаи гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ барои ноил гардидан ба устувории молиявии давлат ва рушди иқтисодӣ нақши муҳим дорад.

Дар робита ба ин, ба Ҳукумати мамлакат ва вазорату идорахо дахлдор дастур  дода шуд, ки доир ба баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявӣ ва фарҳанги андозсупории шаҳрвандон чораҳои судмандро амалӣ созанд.

Ҳамчунин, Вазорати молия, Бонки миллӣ, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ якҷоя бо дигар вазорату идораҳо ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор шуданд, ки ҳалли масъалаҳои вусъат додани истифодаи технологияҳои муосири рақамиро ҳарчи зудтар таъмин намоянд ва то охири соли 2025 пардохтҳои ғайринақдӣ дар соҳаи буҷетӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ пурра таъмин карда шаванд.

 Дар ҳақиқат мо бояд ба соҳи инноватсия ва иқтисоди рақамӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем, зеро он метавонад заминаи мустаҳкаму муҳими рушду пешрафти тамоми соҳаҳои дигари ҷомеа бошад. Таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон нишон медиҳад, ки низоми иқтисоди рақамӣ беҳтарин ва пурсамартарин василаи пешрафти давлат аст. Дар бисёр аз ин кишварҳо нишондиҳандаи пардохтҳои ғайринақдӣ 80-90 фоизро ташкил медиҳад.

Бояд қайд кард, ки таъмини  рушди бонизоми зеҳни сунъӣ, рақамикунонии иқтисодиёти миллӣ ва технологияҳои инноватсионӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтани давлат буда, дар як муддати кӯтоҳ бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои инфрасохтори иқтисоди рақамӣ ва асосҳои ҳуқуқии соҳа ташкилу тақвият ёфтаанд.

Роҳбари давлат пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025-2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон карда шавад. Дар робита бо ин Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 08 январи соли 2025 таҳти №911 “Дар бораи солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон намудани солҳои 2025-2030 қабул гардид.

Ҳамчунин дар паём қайд гардид, ки барои иҷрои нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва сокинони бонангу номуси кишвар дар се соли охир беш аз 20 миллиард сомонӣ хароҷот карда шуд.

Чун паёмҳои қабли Роҳбари давлат минатдории хешро ба ҳамаи соҳибкорон, шахсони саховатпеша ва кулли мардуми Тоҷикистон барои дастгирии ташаббусҳои Ҳукумат ва саҳмгузорӣ дар ободиву пешрафти мамлакат сипосу миннатдорӣ самимӣ баён намуданд.    

Бо мақсади дастгирии минбаъдаи соҳибкорон ва рушди соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои корӣ роҳбари давлат пешниҳод намуданд, ки ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субектҳои соҳибкорӣ (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 01 январи соли 2027 мораторий эълон карда шавад.

Дар ин асос Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2025 таҳти №915 “Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намудаи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ” ба имзо расид.

Қобили  қайд  аст, ки бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, таҳқими иқтидори саноатӣ ва содиротии ҷумҳурӣ, аз байн бурдани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкориву сармоягузорӣ бо ташаббус ва иқдомҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми солҳои 2008-2022 (солҳои 2008, 2011, 2018, 2022) дар ҷумҳурӣ 4 маротиба ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ мораторий эълон шуда буд.

Мораторияҳои эълон шуда ба рушди фаъолияти соҳибкории хурду миёна ва бахши истеҳсолӣ таъсири мусбат расонида, барои фароҳам овардани фазои мусоид ҷиҳати ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои корӣ, воридоти андозҳо ба буҷети давлатӣ ва дар маҷмуъ, барои беҳбудии некуаҳволӣ мусоидат намуд.

Ҳамзамон Роҳбари давлат дастур доданд, ки ҷиҳати баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ, ҷалби бештари пасандозҳои шахсони воқеиву ҳуқуқӣ ва вусъат бахшидани фаъолияти низоми рақамии хизматрасониҳои бонкиву молиявӣ, инчунин таъсиси филиалҳои бонкҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳои қарзӣ, зиёд кардани пешниҳоди қарзҳо бо фоизи нисбатан паст ва таъмини дастрас ба хизматрасониҳои босифати бонкӣ, бахусус, дар ноҳияҳои дурдасти мамлакат чораҷӯи ва тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.

Бояд қайд кард, ки Паёми навбатии Президенти  мамлакат ба Маҷлиси Олӣ дорои хусусиятҳои хоси худ мебошад. Чунки Паём дар шароити таърихие, ки ироа гардид, ки Тоҷикистони азизи мо дар арафаи таҷлили 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии хеш қарор дорад. Дар сатҳи баланди сиёсӣ ва қадршиносӣ аз давлатдории миллӣ истиқбол гирифтани ин ҷашнвораи муҳим ва тақдирсози миллат аз ҳар як сокини Тоҷикистон масъулияти баланди шаҳрвандӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва садоқату самимиятро талаб менамояд.

Зимни ироаи паём Президенти  мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми шарифи Тоҷикистон муроҷиат карда, ёдовар шуданд, ки мо вазифадорем ба хотири пешрафти давлати соҳибистиқлоламон, ободии Ватани аҷдодиамон ва мунтазам беҳтар гардидани сатҳи сифати зиндагии ҳар як хонадони мардуми шарафманди Тоҷикистон ҳаррӯз ва ҳамеша саъю талош намоем.

Мо бояд тамоми саъю талоши худро  ба хотири амали намудани корҳои ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешбинигардида, яъне ободии Ватанамон, пешрафти давлатамон ва боз ҳам беҳтар гардидани шароити зиндагии мардумамон равона созем. Зеро тавре Пешвои миллат қайд карданд, мардуми мо мисли халқҳои дигар мамолики мутамаддин ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро дорад. Мақсад ва ҳадафи олии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон низ ба он равона карда шудааст.

 Судяи Суди иқтисодии

вилояти Хатлон                                 Сайдалӣ Сироҷиддин Сайвалӣ

Корманди дастгоҳи Суди

иқтисодии вилояти Хатлон               Файзализода Сафаралӣ Комил

Прокрутить вверх