Конститутсия ва нақши таърихии он дар таҳкими қонунгузорӣ

Бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди давлат вазифаву масъалаҳое ба миён омаданд, ки ҳалли онҳо барои пешрафт ва таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва қонунияту адолат аҳамияти муҳим доштанд.

Яке аз чунин масъалаҳои муҳиму ҳалталаб ин таҳаввулоти низоми қонунгузорӣ ва баргузор намудани ислоҳоти конститутсионӣ буд.

Зеро, Конститутсияҳое, ки дар даврони аъзои Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравӣ будан қабул гардида буданд, ифодагари тамоми мақсаду ормонҳои халқи тоҷик набуда, дар онҳо дар ҷойи аввал на инсон ва ҳуқуқ озодиҳояш, балки манфиати давлат ва моликияти давлатӣ гузошта шуда буд.

Маҳз бо талошҳои саривақтии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ислоҳоти конститутсионӣ оғоз карда шуда, бори аввал дар таърихи давлатдории тоҷикон Конститутсия тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуда, дар он таҷрибаи беҳтарини тамаддуни башарӣ вобаста ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ таҷассум гардид.

Пас аз қабул шудани Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистони азизу маҳбуби мо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳайси кишвари ҳуқуқбунёд ва демократӣ эътироф гардида, дар давлатдории тоҷикон давраи комилан наверо ба миён овард.

Дар натиҷаи таҳаввулоти низоми қонунгузорӣ, ки дар заминаи меъёрҳои Конститутсияи нав амалӣ гардид, тамоми қонунҳои даврони Шӯравӣ бозбинӣ карда шуда, кодексу қонунҳои нав қабул гардида, зимни қабули онҳо ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аҳамияти аввалиндараҷа дода шуд.

Дигар бартарии Конститутсияи амалкунанда дар он зоҳир мегардад, ки меъёрҳои он ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мутобиқ гардонида шудаанд ва ин ҳам бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид, зеро дар яке аз суханрониҳои худ изҳор намуданд: «Муҳимтарин ҷиҳати ин вазифа то сатҳи юридикӣ ва маънавии ҳуқуқи байналмилалӣ ва тадбирҳои универсалии онҳо баланд бардоштани қонунгузории давлатист. Аз ин ҷиҳат, мо ба хулоса омадем, ки системаи ҷории қонунҳоямонро ба экспертизаи байналмилалӣ фиристем ва ҳам дар баррасии Қонуни асосиамон аз кумаки машваратии муассисаҳои дахлдори байналхалқӣ истифода барем».

Давоми мантиқии сиёсати мазкур ин қабули Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ буд, ки дар якчанд марҳила амалӣ карда шуда, дар натиҷаи амалигардонии он Кодекси ҷиноятӣ, Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ, Кодекси мурофиавии гражданӣ, Кодекси мурофиавии иқтисодӣ, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, Кодекси маданӣ ва дигар кодексҳову қонунҳо қабул карда шуданд.

Бинобар ин, Конститутсия дар таҳкими қонунгузории миллӣ нақши муҳим дошта, маҳз бо ба асос гирифтани меъёрҳои конститутсия қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил дода шуда, бо тағйир ёфтани муносибатҳои ҷамъиятӣ ба онҳо давра ба давра тағйиру иловаҳои саривақтӣ ворид карда мешаванд.

Судяи Суди иқтисодии вилояти Хатлон Азизӣ Ҷ.А.

Котиби маҷлиси судӣ Аҳлиддинзода А.А.

Прокрутить вверх