Истиқлолият, дастовардҳо ва ҳифзи арзишҳои он.

Дар ибтидои солҳои 90-ум ҷомеаи Тоҷикистон ба марҳилаи нави таърихӣ ворид гашт. Имрӯз Тоҷикистон чун давлати мустақил дар қатори давлатҳои дигари аъзои СММ субъекти муносибатҳои байналмилалӣ ба шумор  меравад.

Қайд кардан зарур аст, ки Истиқлолияти давлатӣ ҳарчанд дар натиҷаи ҳодисаҳои нохуши охири асри ХХ ба даст омада бошад ҳам, тоҷикон чун миллати қадимтарини минтақа таърихи дурру дарози мубориза барои давлати худ, барои истиқлолияти миллию давлатиро доранд.

Истиқлолияти давлатӣ яке аз рукнҳои давлатдории муосири тоҷикон маҳсуб гардида, барои ба даст овардани он фарзандони миллати тоҷик дар тӯли таърихи зиёда аз панҷҳазорсолаи худ борҳо ҷонбозиҳо кардаанд. Истиқлолият дар давраи навтарини таърихӣ низ дар натиҷаи муборизаи  халқи Тоҷикистон ба даст омад.

Пеш аз оғози дастовардҳо дар солҳои соҳибистиқлолиро баён намудан, мо аввалан мафҳуми истиқлолиятро таҳлил намудан ба мақсад мувофиқ аст.

Таҳлилҳои назариявӣ, амалиявӣ ва қонунгузориро анҷом медиҳем. Аз таҳлили мафҳуми назариявии ин истилоҳот оғоз менамоем.

Бори аввал дар банди 1-уми Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 24 августи соли 1990 дар сессияи дуюми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум мафҳуми расмии Истиқлолият муқаррар гаштааст. Дар он муқаррар мегардад: «Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ягонагӣ ва ҳукмравоии ҳокимияти давлатӣ дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибихтиёрии он дар муносибатҳои хориҷӣ ифода меёбад». 

Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 24 августи соли 1990 дар сессияи дуюми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум қабул шудааст. Баъдан Изҳороти Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Иҷлосияи ғайринавбатии Шурои Олии ҶТ (аз 9 сентябри соли 1991) қабул гардид, тавассути ин Изҳорот, Истиқлолияти ҶТ эътироф карда шуд. Сипас Шурои Олии ҶТ қарори махсусро «Дар бораи эълон шудани истиқлолияти давлатии ҶТ» қабул кард, яъне изҳороти мазкур тавассути қарори Шурои Олии ҶТ қонунӣ гардонида шудааст.

Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем.

Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият,  идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки 32 сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати  мустақилият  соҳиби  рамзҳои давлатӣ– Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем.

Ҳодисаву воқеаҳои пурошӯби ибтидои солҳои навадум водор намуд, ки оид ба масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ, нигоҳ доштани оромии авзои ҷомеа, пойдории сулҳу суббот ва таҳкими истиқлолияту  ҳифзи дастовардҳои он андеша кунем, ки ин ҳама як қисми таркибии сиёсати давлатии мо маҳсуб мешуд.

Чунон ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти  мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид  кардаанд: «Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки  моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад».

Душвортарин муаммои мо дар зарфи сиву ду сол ин масъалаи истиқлолияти  энергетикӣ буд, ки баъди ба низом даровардани сохторҳои ҳокимият роҳбари давлат ҳамарӯза бо он машғул мешуд. Албатта, раванди бо низоми пешрафти иқтисодиёт ва инкишофи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ дар шароити имрӯза асосан аз истиқлолияти энергетикиву коммуникатсионӣ ва вусъат пайдо кардани роҳсозӣ вобастагии амиқ дорад.

Бинобар ин нахустин иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ оғоз бахшидан ба сохтмони нақби Анзоб буд. Сарвари давлат дар ин кор ибтидои  ҳама бунёдкориҳои роҳсозию  коммуникатсияро дида, даричаи наҷотро низ дар он дарёфта буд. Дар роҳи таъмини истиқлолияти энер­гетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқа­ворӣ, ки ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат мебошанд, бо сохтмони нерӯгоҳҳои хурду калони барқи обӣ, хатҳои интиқоли қувваи барқ, туннелҳо, шоҳроҳҳову пулҳои байналмилалии  мошингард ва даҳҳо иншооти азими инфраструктураи иҷтимоӣ натиҷаҳои нек ба даст оварда шуданд.

Соли 2016 Ҳукумати кишвар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030-ро қабул намуд. Пешбини шудааст, ки дар давраи зикршуда маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва истихроҷи нерӯи барқ се баробар зиёд мешавад. Дар доираи стратегияи мазкур се барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисодии панҷсола муайян гардиданд. Аз ҷумла, низоми ягонаи энергетики кишвар бунёд гардида, зиёда аз 1300 мегават иқтидорҳои нав ба кор андохта шуданд.

Қобили зикр аст, ки тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалии молиявӣ Тоҷикистон аз рӯи фоизи истеҳсоли “энергияи сабз”, яъне нерӯи аз ҷиҳати экологӣ тоза ба қатори шаш кишвари пешсафи сайёра шомил гардида, имрӯз истеҳсоли ин намуди энергия дар кишвари мо 98 фоизро ташкил медиҳад.

Ба дастовардани Истиқлолияти давлатӣ шароит фароҳам овард, ки давра ба давра сатҳи барқарорсозии инфрасохторҳои иқтисодию иҷтимоӣ беҳтар гардад. Ташаббусҳои созандаи Ҳукумати кишвар, бахусус, Пешвои миллат боиси он гардид, ки кишвари мо, бори севвум ба қатори 10 кишвари ислоҳотгари пешсаф дохил гардад, ки ин ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонист. Яке аз самтҳои муҳими рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ, ин рушди инфрасохтор дар кишвар мебошад.

Ҳамин тавр, Истиқлолияти давлатӣ заминаи рушди устувори кишвари моро фароҳам оварда, асоси ҳамаи дастовардҳои бузургро ташкил дод. Дар маҷмӯъ, ҳадафҳои умдаи сиёсати пешгирифтаи давлати Тоҷикистон дар хусуси андешаи Истиқлолияти давлатӣ ва таъмин намудани густариши он, барои таҳкиму ташаккули шароити мусоид ҷиҳати инкишофи шахсият, ҷамъият, давлат ва таъмини амнияти онҳо заминаи мусоиде фароҳам меоранд.

Ҳаминтариқ самараи неки истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон – манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як қавми тоҷикмиллат аст. Мо бояд аз ин миллати баруманд биболему барои бозҳам машҳуртар гардидани он кушишу ғайрат намоем. Аз ин лиҳоз бо чунин орзуҳо гуфтаниям: Бигузор иди муқаддаси Истиқлолият барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту  саодат, зиндагии осуда ва комёбию кушоишҳо оварад!

Котиби маҷлиси судии Суди

иқтисодии вилояти Хатлон-                                        Шарифзода О.О.

Прокрутить вверх