Забон омили муҳими якдилӣ ва якдигарфаҳмии ҳар як миллат

Ҳамватанони азиз! 

Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки муҳимтарин воситаи муоширати байни одамон мебошад, табрик менамоям.

Воқеан, маҳз тавассути забон одамон ҳиссиёт ва андешаҳои худро иброз менамоянд ва ба шарофати он дар ҷомеа якдилию якдигарфаҳмӣ ба вуҷуд меояд.

Забон яке аз пойдеворҳои муҳими давлат ва муаррификунандаи ҳар як миллати соҳибтамаддун мебошад.

Аз ин лиҳоз, мо ин санаи таърихиро ҳар сол бо ифтихору сарфарозии хоса, ҳамчун забони давлатӣ таҷлил мекунем.

Гиромӣ доштани забони асилу шоирона ва истифодаву татбиқи дурусти муқаррароти қонун дар бораи забони давлатӣ аз ҷониби ҳар як сокини мамлакат, аҳамияти муҳим дорад, зеро рушду инкишофи забони давлатӣ, қабл аз ҳама, аз амалӣ гардидани талаботи қонуни зикршуда вобаста аст.

Забони тоҷикӣ ифодакунандаи арзишҳои бузурги маънавии халқи тоҷик буда, таърих гувоҳ аст, ки маданият ва фарҳанги куҳанбунёди халқи тоҷик маҳз тавассути забони тоҷикӣ то ба имрӯз ҳифз гардидааст.

Гувоҳи ин гуфтаҳо шеъру ғазалҳои шоироне мебошанд, ки бо онҳо мо зимни омӯзиши адабиёти классикии тоҷик шинос шудаем ва матну мазмуни ин шеъру ғазалҳоро мо бо вуҷуди гузаштани садсолаҳо бе ягон мушкилӣ дарк менамоем.

Бинобар ин, сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳифзу пойдории забони ноби тоҷикӣ, баҳри пойдории давлатдорӣ ва ҳастии миллати тоҷик аҳамияти бузург дошта, вазифаи миллӣ ва қарзи инсонии ҳар яки мо – соҳибзабонон аст, ки ба забони модарии худ арҷ гузорем, онро чун гаронбаҳотарин сарвати ҳастии хеш эҳтиёт кунем, мероси пурқиматеро, ки бо ин забон иншо шуда, аз насл ба насл интиқол ёфтааст, на танҳо ҳифз намоем, балки онро омӯзем, ба дигарон омӯзонем ва аз ҳикматҳои ҷовидонааш баҳравар гардем.

Азбаски, дар замони муосир таъсири равандҳои манфии ҷаҳонишавӣ ва унсурҳои манфии фарҳангҳои бегона ба воситаи забонҳои ғайр сурат гирифта, покии забони тоҷикиро халалдор месозад, донистани забони асили тоҷикӣ барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, хусусан ҷавонон вазифаи муқаддас мебошад.

Рӯзи забони давлатӣ муборак бошад!

Раиси суди иқтисодии вилояти Хатлон Искандарзода Б.М.

Прокрутить вверх