КОНСТИТУТСИЯ — КАФИЛИ ВОЛОИЯТИ ҚОНУН  ВА АДОЛАТИ СУДӢ

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ пояи устувори давлатдории миллӣ, кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва роҳнамои рушди ҷомеаи соҳибистиқлол мебошад. Эҳтиром ба ин санади тақдирсоз, донистани меъёрҳои он ва риояи ҳатмии талаботи қонун на танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ, балки уҳдадории ҳар як шаҳрванди кишвар аст.

6-уми ноябри соли 1994 мардуми Тоҷикистон тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи ҷумҳуриро қабул карданд. Ин рӯйдоди таърихӣ дар марҳилаи ҳассоси ташаккули давлатдории навини тоҷикон ба вуқӯъ пайваста, барои муайян намудани низоми сиёсиву ҳуқуқии мамлакат ва таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ заминаи боэътимод гузошт. Баъдан, солҳои 1999, 2003 ва 2016 ба он тавассути раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид гардиданд, ки ба такмили низоми конститутсионӣ ва мутобиқ намудани он ба талаботи рушди ҷомеа мусоидат карданд.

Моҳияти Конститутсия, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф шудаанд. Ин меъёр масъулияти давлатро дар назди шаҳрвандон муайян намуда, ҳифзи шаъну шараф, таъмини баробарӣ дар назди қонун ва фароҳам овардани шароити муносиб барои зиндагии шоистаро аз вазифаҳои муҳимми мақомоти давлатӣ қарор медиҳад. Аз ин рӯ, иҷрои бечунучарои талаботи Конститутсия бояд меҳвари фаъолияти ҳар як мақоми давлатӣ ва самти асосии муносибати хизматчиёни давлатӣ бо ҷомеа бошад.

Волоияти қонун яке аз рукнҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд аст. Маҳз тавассути эҳтироми қонун, таъмини адолат ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон эътимоди ҷомеа ба давлат тақвият меёбад. Дар ин раванд мақомоти судӣ масъулияти махсус доранд. Ҳар як санади судӣ бояд дар асоси қонун, омӯзиши ҳамаҷонибаи далелҳо ва муносибати беғаразона ба мавқеи тарафҳо қабул гардад. Танҳо дар ҳамин сурат адолати судӣ метавонад ба таҳкими қонуният ва барқарории ҳуқуқҳои поймолшуда мусоидат намояд.

Суди иқтисодии вилояти Хатлон низ дар доираи ваколатҳои қонунии худ дар ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва дигар иштирокдорони муносибатҳои иқтисодӣ саҳми муҳим мегузорад. Баррасии одилонаи баҳсҳои иқтисодӣ, таъмини иҷрои уҳдадориҳои шартномавӣ ва ҳифзи ҳуқуқи моликият барои таҳкими эътимоди соҳибкорон, беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ ва рушди устувори иқтисоди минтақа аҳаммияти калон дорад. Зеро муҳити солими соҳибкорӣ бе кафолатҳои боэътимоди ҳуқуқӣ ва имкони ҳалли одилонаи баҳсҳо ташаккул намеёбад.

Дар баробари ин, таҷриба нишон медиҳад, ки таъмини қонуният танҳо бо фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқу судӣ маҳдуд намешавад. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, шарҳу тавзеҳи қонунҳо ва огоҳ намудани шаҳрвандон аз ҳуқуқу уҳдадориҳояшон низ зарур аст. Бо ҳамин мақсад, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023 соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардид. Ин иқдом аҳаммияти густариши донишҳои ҳуқуқӣ ва ташаккули фарҳанги эҳтиром ба қонунро дар ҷомеа бори дигар таъкид карда, барои идомаи раванди мазкур дар солҳои минбаъда замина гузошт.

Дар ин самт, мурофиаҳои сайёри судӣ аз воситаҳои муассири тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ба шумор мераванд. Судяҳои Суди иқтисодии вилояти Хатлон бо баргузории чунин мурофиаҳо дар маҳалҳо барои баланд бардоштани огоҳии ҳуқуқии аҳолӣ, шинос намудани иштирокдорони муносибатҳои иқтисодӣ бо талаботи қонунгузорӣ ва пешгирии баҳсҳои ҳуқуқӣ мусоидат мекунанд. Ҳамзамон, воситаҳои ахбори омма метавонанд бо инъикоси масъалаҳои мубрами ҳуқуқӣ, шарҳи меъёрҳои қонунгузорӣ ва паҳн намудани таҷрибаи судӣ дар таҳкими маърифати ҳуқуқии ҷомеа саҳми назаррас гузоранд.

Албатта, эҳтиром ба Конститутсия бояд аз оила оғоз ёбад. Волидонро зарур аст, ки фарзандонро дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ тарбия намуда, дар зеҳни онҳо ҳисси масъулият дар назди ҷомеаву давлатро ташаккул диҳанд. Агар риояи қонун ба одати ҳамарӯзаи ҳар як сокини кишвар табдил ёбад, барои пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ, таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ ва рушди ҷомеаи солим заминаи устувор фароҳам меояд.

Пас, таҷлили Рӯзи Конститутсия бояд ҳар яки моро ба дарки амиқтари масъулияти шаҳрвандӣ, эҳтирому риояи талаботи қонун ва иҷрои софдилонаи уҳдадориҳои касбиву ҷамъиятӣ водор созад. Таъмини волоияти қонун ва таҳкими қонуният вазифаи муштараки тамоми мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандон буда, аз ҳар як узви ҷомеа муносибати масъулона ба ҳуқуқу уҳдадориҳои худ ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои дигаронро тақозо менамояд. Дар ин раванд мақомоти судӣ бо таъмини баррасии одилонаи парвандаҳо ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандону субъектҳои хоҷагидорӣ нақши муҳим доранд. Зеро танҳо бо риояи Конститутсия, эҳтироми қонун ва масъулияти дастаҷамъона метавон суботи ҷомеа, рушди устувори иқтисодӣ ва ояндаи ободу осудаи Тоҷикистони соҳибистиқлолро таъмин намуд.

Сироҷиддин Сайдалӣ,

Ҳикматулло Ҷабборзода,

судяҳои Суди иқтисодии вилояти Хатлон

Scroll to Top