“Наврӯз барои миллати тоҷик китоби сарнавишт буда, ҳатто дар давраҳои мушкилтарини таърихӣ ин ҷашни муқаддас ва хуҷастаи худро ҳимоят мекарданд ва бо Наврӯз дубора зинда мешуданд”

“Наврӯз барои миллати тоҷик китоби сарнавишт буда, ҳатто дар давраҳои мушкилтарини таърихӣ ин ҷашни муқаддас ва хуҷастаи худро ҳимоят мекарданд ва бо Наврӯз дубора зинда мешуданд”

                                                                                      Эмомалӣ Раҳмон  

Инак соли 13-ум аст, ки ин ҷашни бузургу куҳанбунёд – Наврӯзи Аҷамро башарият дар сатҳи байналмилалӣ ботантана таҷлил менамояд. Таҷлили Наврӯз дар Втаани он – Тоҷикистон шукӯҳу шаҳомати хосаро дорост. Наврӯз аз зеботарину деринтарин ҷашнҳоест, ки табиат ба инсон ато кардааст.  

  Ҷашни миллии Наврӯзи  оламафрӯз дар масири таърихи беш аз шашҳазорсолаи худ марҳилаҳои мушкилу пурпечутобро аз сар гузаронидааст. Аммо аҷдодони шарафманди мо бо вуҷуди монеаву мушкилоти зиёд Наврӯзро на танҳо ҳамчун мероси муқаддаси гузаштагони худ ҳифз кардаанд, балки онро ба сифати оини башардӯстонаву офаранда ба дигар халқҳои дунё ба таври шоиста муаррифӣ кардаанд. Аз ин рӯ, Наврӯз на танҳо ҷашни оғози сол ва эҳёи табиат, балки таконбахши андешаи таҳамулгароӣ, ваҳдату сарҷамъии инсоният ва дар айни замон омили тақвиятдиҳндаи ифтихори миллии мо мебошад. 

   Бояд тазаккур дод, ки ба воситаи  Наврӯз мардуми тоҷик тавонист, ки тамоми ёдгориҳои илмиву адабӣ, фарҳангиву ҳунарӣ, хатту забон ва дигар суннатҳои бостонии худро бегазанд нигоҳ дошта, то имрӯз идома диҳанд. Ин аст, ки  ҷашни аҷдодӣ бо ташаббус ва ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзи Аҷам ҷашни ҷаҳонӣ эълон гардид. Боиси хушнудиву сарфарозист, ки дар Иҷлосия 64-уми Ассамблеяи Генералии СММ дар чаҳорчӯбаи “Тамаддуни ҷаҳонӣ” аз 23-юми феврали соли 2010 Наврӯз мақоми байналмилалӣ гирифт. Ҳамчунин  дар Қатъномаи СММ гуфта мешавад, ки ҳамасола дар тамоми ҷаҳон 21-уми март ҳамчун рӯзи байналмилалии Наврӯз таҷлил гардад. Ҳамин тавр, Наврӯз расман мақоми ҷашни байналмилалиро соҳиб гардида, умри абадии ин ҷашнро собит сохт.  Ҳамзамон, ҷашни Наврӯз бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Феҳристи осори фарҳанги ғайримоддии умумиҷаҳонии созмони ЮНЕСКО, ки рӯзҳои аз 21-уми ноябр то 2-юми декабри соли 2016 дар Ҷаласаи ёздаҳуми байнидавлатии ин ниҳоди бонуффузи СММ доир ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар шаҳри Аддис-Абебаи Эфиопия баргузор шуд, расман сабт гардид, ки нуфузи мондагори ин ҷашни миллӣ ва байналмилалиро боз ҳам дар таърих бо “хатти заррин” умри абадият бахшид.  Аз ҷониби ташкилоти СММ ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯз гувоҳи он аст, ки ҳанӯз дар замонҳои қадимтарин ниёгони мо ба тараннуми фалсафаи ахлоқ ва одоби ҳамидаи инсонӣ машғул буда, тавассути ин ҷашн низ паёми ваҳдату муҳаббат, покиву саодат, зебоиву нафосат ва ватандӯстиву ватанпарвариро ба мардум мерасонданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби СММ пазируфта шудани Наврӯзро ба ҳайси ҷашни байналмилалӣ ва ворид кардани он ба феҳристи осори фарҳанги ғайримоддии умумиҷаҳонии созмони ЮНЕСКО дар он мебинад, ки ин падидаи фарҳангӣ дар тӯлӣ таърих башариятро ба созандагиву бунёдкорӣ ва ташаббуси иқдомҳои тозаву наҷиб ҳидоят намудааст.

  Воқеан ҳам, эҳёи суннат ва оинҳои наврӯзӣ дар замони имрӯза, яъне даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамчун паёми мардуми куҳанбунёди тоҷик ва мардумони ҳавзаи тамаддуни Наврӯз ба оламиён мақоми хос дорад. Муҳимтар аз ҳама расму оин ва суннатҳои наврӯзӣ дар вуҷуди хеш падидаҳои барҷастаи инсонгароӣ ва маънавиёти баландро ҷой доданд, ки шинохти ҳақиқати онҳо ба худогоҳии маънавӣ ва худшиносии миллӣ ва ташаккули фарҳанги ахлоқии ҷомеа мусоидат мекунад.  Хулоса бояд ёдовар шуд, ки дар замони муосир Наврӯзро ба сифати ҷашни бошукӯҳи баҳор ва эҳёи табиат мардуми зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон расман таҷлил менамоянд, ки ин исботи ҷашни воқеан ҷаҳонӣ шудани он аст. Бо назардошти ин ҷашни Наврӯз нисбати замонҳои пешин хеле густариш ёфта, имрӯз бештар аз 400 миллион нафар мардуми гуногунзабону мухталифмазҳаб Наврӯзро дар саросари ҷаҳон таҷлил намуда, гироми медоранд.

Қурбониён Баҳриддин Самардин,

судяи Суди иқтисодии вилояти Хатлон

Scroll to Top