БАРГУЗОР ГАРДИДАНИ МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА 31-СОЛАГИИ ҚАБУЛИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАВЗУИ «ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ-РАМЗИ ВАҲДАТ ВА ЯГОНАГИИ МИЛЛАТ

Дар асоси нақша чорабиниҳои Суди иқтисодии вилояти Хатлон санаи 22 ноябри соли ҷорӣ дар Суди иқтисодии вилояти Хатлон аз ҷониби роҳбарияти Суди иқтисодии вилояти Хатлон мизи мудаввар бахшида ба 31-солагии қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Парчами давлатӣ-рамзи ваҳдат ва ягонагии миллат» бо иштироки Раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон Искандарзода Бахтиёр Мустафо, муовини раис Қурбониён Баҳриддин Самардин, судяҳо Сайдалӣ Сироҷиддин Сайвалӣ, Саъдуллозода Саидо Талбак, Раҳмонзода Баҳром Исмоилхон ва кормандони дастгоҳи суд баргузор гардид.

Мизи мудаввар бо сухани ифтитоҳии Раиси суд Искандарзода Б.М. оғоз гардида, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ самимона шодбош намудаанд. Зимни баромад Раиси суд Искандарзода Б.М. иброз намуд, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2009, №563 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” илова ворид карда шуд ва 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил мегардад.

Ҳамзамон, раиси суд Искандарзода Б.М. вобаста ба асосҳои ҳуқуқии тартиби тайёр кардан ва афрохтани Парчами давлатӣ, аз ҷумла муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011, №659 “Дар бораи тасдиқи Тартиби тайёр кардани Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ибрози ақида намуданд.

Сипас, дар давоми мизи мудаввар судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд бо маърӯзаҳо баромад намуданд. Аз ҷумла, муовини Раис Қурбониён Б.С. дар мавзӯи “Парчам рамзи ваҳдату ягонагӣ»”, судя Сайдалӣ С.С. дар мавзӯи «Таърихи пайдоиши Парчами Ҷумҳурии  Тоҷикистон», судя Саъдуллозода С.Т. дар мавзӯи «Парчам рамзи ҳувият ва иттиҳоди миллати тоҷик» судя Раҳмонзода Б.И. дар мавзӯи «Парчам-рамзи озодиву соҳибистиқлолии давлат», корманди дастгоҳи суд  Сулаймонзода Д. дар мавзӯи «Парчам-рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ» Исозода С. дар мавзӯи «Эҳтироми парчам эҳтироми миллат аст», Ғайратова М. дар мавзӯи «Парчам-барангезандаи эҳсоси ватандӯстии ҷавонон », баромад намуданд.

Дар анҷоми мизи мудаввар Раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон муҳтарам Искандарзода Б.М. бори дигар ҳозиринро ба ин рӯзи муҳими давлатӣ табрик намуда, қайд карданд, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ ба шумор меравад. Он ифодагари рамзи ҳаёти осоишта, меҳнатдӯстӣ, бахту иқболи сафед, умед ба ояндаи нек ва лоиқи эҳтироми пиру барнои кишвар гардидааст. Парчами миллат дар қатори дигар муқаддасот рамзи давлату давлатдорӣ, нангу номуси миллӣ мебошад.

Парчами миллии мо дар радифи Конститутсия, Суруди миллӣ, Нишони давлатӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти асосии давлатӣ маҳсуб меёбад. Парчами мо рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва умед ба фардои ободи халқи Тоҷикистон аст.

Бояд қайд кард, ки Рамзҳои давлатӣ – шиносномаи соҳибистиқлолии мамлакат буда, тавассути он давлатро дар тамоми ҷаҳон мешиносанд. Бо эҳсосоти баланд муносибат намудан ба рамзҳои давлатӣ ифодаи муҳаббат ба Ватан аст. Парчам на танҳо рамзи давлату давлатдорӣ ва ифтихори ватандорӣ, балки рамзи ватан дўстию худшиносиву худогоҳӣ, андешаву асолати миллӣ, пирўзиву сарфарозӣ ва ҳуввияти миллии мардуми тамаддунофаринамон маҳсуб меёбад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ қайд кардаанд: «Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор ва парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандўсту меҳанпарасти кишвар доимо по бар ҷо бошад».

Аз ин ҷиҳат ҳамаи мо ҳамеша сайю кушиш намоем, ки Парчами давлатии мо ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими Истиқлолияти миллӣ ва ба ҳифзи муваффақияту комёбӣ ва дастовардҳои он ҳидоят намояд.

Scroll to Top