Гарчанде илми ҳуқуқшиносии Ғарб қонунҳои асосӣ ва қонунҳои ин кишварҳоро ҳамчун манбаи нахустини пайдоиш ва эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон шуморад ҳам, вале ориёиҳо, яъне аҷдодони қадими мо дар ҳалли ин масъала яке аз пешоҳангони аҳли башар будааст. Намунаи барҷастаи ин Эъломияи Куруши Кабир аст, ки таърихи беш аз дувунимҳазорсола дорад.
Эъломияи мазкур яке аз манбаъҳои муқаддаси давлати Ҳахоманишиён буда, дар он ҳуқуқ ба озодии эътиқод, ҳаракат, интихоби манзил, ҳуқуқ ба моликият ва ғайра ба таври возеҳ дарҷ карда шудааст. Боиси ифтихори мо аст, ки меъёрҳои Эъломияи Куруши Кабир то имрӯз моҳияти худро гум накарда, қисматҳое аз он дар санадҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, ки 10-уми декабри соли 1948 қабул шудааст, дида мешавад.
Сарчашмаи ҳуқуқ ва озодӣ
Пас аз гузаштани чандин садсола аз ин рӯйдоди таърихӣ ворисони ориёиҳои қадим, яъне тоҷикон баробари соҳиби давлати миллӣ шудан рӯзи 6-уми ноябри соли 1994 Конститутсияи кишвари худро тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул кард. Бо қабули ин санади олии ҳуқуқӣ мардуми Тоҷикистон роҳи пешгирифтаи миллату давлати хешро ба ҷаҳониён муаррифӣ кард.
Бемуҳобо, қабули Конститутсия нахустин падидаи воқеан сарнавиштсоз ва таърихии даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин арзишҳои асосиро муайян кардааст:
- давлат ҳамчун ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягона эълон гардид;
- истиқлолият ва соҳибихтиёрӣ ҳамчун муқаддастарин дастоварди миллӣ таъкид шуд;
- ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд кафолати конститутсионӣ пайдо карданд;
- низоми ҳокимият ва сохтори идоракунӣ дар асоси тақсимоти он ба се шоха муайян гардид.
Дар ин замина, шаҳрвандони кишвар дарк карданд, ки Конститутсия на танҳо санади ҳуқуқӣ, балки китоби тақдири миллат аст.
Ислоҳоте, ки зарурати замон буд
Барои мутобиқ сохтани сохтори давлат ба талаботи ҷомеаи муосир ба Конститутсияи Тоҷикистон солҳои 1999, 2003 ва 2016 тағйиру илова ворид карда шуданд. Ин ислоҳот боис гардид, ки пояҳои давлатдорӣ мустаҳкамтар гарданд, низоми ҳуқуқӣ ҷавобгӯ ба арзишҳои демократӣ сохта шавад, манфиатҳои миллӣ ва рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ таъмини кофӣ пайдо кунанд. Ё ба ибораи дигар, ислоҳоти конститутсионӣ барои ҷавобгӯ сохтани низоми давлатдорӣ ба воқеиятҳои навини ҷомеаи зудтағйирёбанда муҳим буд.
Вижагиҳои Конститутсияи Тоҷикистон
Конститутсияҳои аксари давлатҳои ҷаҳон ҳамчун санади асосӣ сохтори давлатдорӣ ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро муқаррар менамоянд. Бо вуҷуди ин, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои вижагиҳои худ мебошад, ки бо онҳо аз қонунҳои асосии бисёр кишварҳо фарқ мекунад.
1. Муқаддас шумурдани истиқлолият ва ваҳдати миллӣ.
Дар ҳоле ки дар конститутсияҳои баъзе кишварҳо бештар ба сохтори идоракунӣ таваҷҷуҳ мешавад, Конститутсияи Тоҷикистон истиқлолият ва ваҳдати миллиро арзишҳои олӣ эълон намудааст. Ин бо таърихи пурҳаводис ва эҳтиёҷи мардуми мо ба муттаҳидӣ сахт вобаста аст.
2. Давлат ҳамчун низоми дунявӣ ва ягона.
Дар бисёр кишварҳо давлат аз дину мазҳаб ҷудо аст. Дар Тоҷикистон низ ин меъёр бо такя ба таҷрибаи таърихӣ ва зарурати ваҳдати миллӣ қотеъона дар Конститутсия сабт шудааст. Давлат ягона эълон шуда, ҳар гуна кӯшиши таҷзия ва парокандагии кишвар рад мегардад.
3. Нақши махсуси суди конститутсионӣ.
Дар аксари давлатҳо мақоми назорати конститутсионӣ вуҷуд дорад, аммо дар Тоҷикистон Суди конститутсионӣ ҳамчун як пояи муҳим таъсис ёфтааст, ки мутобиқати қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқиро ба Конститутсия таъмин мекунад.
4. Мавқеи қавии шаҳрвандон.
Конститутсияи Тоҷикистон ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро на танҳо эътироф, балки кафолат медиҳад. Масалан, ҳуқуқ ба зиндагии шоиста, адолати судӣ ва ҳимоя аз тарафи давлат дар сатҳи баланд зикр шудааст. Дар баъзе кишварҳо чунин меъёрҳо умумӣ ва камранг зикр мегарданд.
5. Таърихият ва худшиносии миллӣ.
Агар конститутсияҳои Ғарб бештар хусусияти ҳуқуқӣ дошта бошанд, Конститутсияи Тоҷикистон ҳамзамон ба худшиносии миллӣ такя мекунад. Он давлатро вориси таърихи ҳазорсолаи тоҷикон муаррифӣ намуда, пояи давлатдории миллиро устувор месозад.
Ҳамин тавр, дар муқоиса бо конститутсияҳои дигар кишварҳо Конститутсияи Тоҷикистон на танҳо ҳуҷҷати ҳуқуқӣ, балки санади ваҳдат, худшиносӣ ва таъмини истиқлолият мебошад.
Конститутсия – нахустрамзи ваҳдат
Қабули Конститутсия дар шароите сурат гирифт, ки кишвар рӯзҳои душвори таърихиро паси сар мекард. Ҳамин санад буд, ки миллати пароканда дубора муттаҳид шуда, роҳи ваҳдат ва сулҳи сартосарӣ боз шуд. Биноан, Конститутсияи мо пештар аз ҳама, рамзи ваҳдати миллист.
«Конститутсия омили муҳимми таҳкими истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва пойдории давлатдорӣ гардид», – дар ин росто таъкид кардаанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Конститутсия ва ҳокимияти судӣ
Яке аз дастовардҳои муҳимми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардоштани мавқеи ҳокимияти судӣ дар ҷомеа мебошад. Он бори аввал дар таърихи давлатдории миллӣ низоми ягонаи ҳокимияти судиро муайян намуда, истиқлолияти судро кафолат дод. Ин меъёри муҳим имкон медиҳад, ки адолати судӣ дар ҷомеа таъмин гардад ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ҳифз шаванд.
Аз рузнома
Таҷрибаи ҷаҳонӣ гувоҳ аст, ки яке аз роҳҳои асосӣ ва пешқадамтарини ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ин ҳифзи судист. Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ санадҳои асосии марбут ба ҳуқуқи инсонро эътироф намуда, инсон, ҳуқуқу озодиҳои ўро арзиши олӣ эътироф намудааст. Ҳокимияти судӣ ба ҳайси яке аз кафолатҳои асосии таъмини арзиши олӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсон баромад мекунад.
Роҳбарияти давлатамон ба масъалаи инкишофу пешрафти низоми судӣ, таъмини мустақилияту шаффофияти фаъолияти судҳо таваҷҷуҳи махсус медиҳад.
Тибқи муқаррароти – Конститутсия ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Ҳар кас ҳифзи кафолати судӣ дорад (моддаҳои 17 ва 19).
Ҳамчунин моддаҳои 84 – 92-и Конститутсия ба ҳокимияти судӣ бахшида шудааст.
Бо мақсади таъмини мустақилияти пурраи судҳо ва вобаста набудани онҳо аз дигар шохаҳои ҳокимияти давлатӣ дар моддаи 87-и Конститутсия омадааст: Судҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд. Дахолат ба фаъолияти онҳо манъ аст.
Бешак, бо шарофати Конститутсия ва ислоҳоти минбаъдаи қонунгузорӣ мақомоти судӣ дар Тоҷикистон ба як сохтори муосир табдил ёфтааст, ки ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои қонунии давлат ва ҷомеаро таъмин менамояд. Бо ин васила, қонунгузор ҳокимияти судиро ҳамчун сутуни адолат ва адолатпарварии давлатӣ муаррифӣ карда, нақши онро дар таъмини қонуният, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва пойдории давлатдории миллӣ устувор мегардонад.
Гиромидошти Конститутсия
Ҳамасола Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сартосари кишвари маҳбуби мо бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Барномаҳои расмӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва маърифатию тарбиявӣ нишон медиҳанд, ки мардум ба Конститутсияи давлати худ арҷ мегузоранд, зеро он на танҳо як санади ҳуқуқӣ, балки рамзи давлатдории миллӣ ва ҳувияти сиёсӣ буда, ҷавононро ба эҳтироми қонун, масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ ҳидоят менамояд.
Истиқбол аз ин рӯз на танҳо як амри зарур, балки баҳонаест барои тавлиди андешаву худшиносии миллӣ ва тақвияти зиракии сиёсӣ дар ниҳоди ҳар як фарди соҳибватан. Ба ибораи дигар, Рӯзи Конститутсия барои шаҳрвандони Тоҷикистон маънои эҳтиром ба давлатдорӣ, садоқат ба ватан ва ифтихор аз истиқлолиятро дорад.
Сироҷиддин Сайдалӣ, судяи Суди иқтисодии вилояти Хатлон
Файзализода Сафаралӣ, Корманди дастгоҳи Суди иқтисодии вилояти Хатлон