ИСТИҚЛОЛИЯТ ОМИЛИ ШУКФОИВУ САОДАТИ МИЛЛАТ АСТ.

«Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда, набзи давлату миллати моро бо набзи сайёра ҳамсадо месозад».

Эмомалӣ Раҳмон

Имсол 9-уми сентябр миллати куҳанбунёд, соҳибфарҳанг ва тамаддунсози тоҷик 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ватани аҷдодиашро ҷашн мегирад.

Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст. Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан нуру зиё, меҳру вафо, ободиву озодӣ, ҳамфикриву ҳамзистӣ ва осоиштагиро ба мардуми тоҷик ва Тоҷикистони азиз овард. Даврони истиқлолият роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеъаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муайян намуд.

Ҳарчанд оғози давлатдории навини халқамон аз соли 1991 ибтидо гирифтааст, вале ин нуқта ҳаргиз маънои онро надорад, ки тоҷикон танҳо дар  поёни садаи ХХ соҳиби давлат шуда бошанд. Анъанаи давлатдории тоҷикон таърихи беш аз  дуюним ҳазорсола дорад.

 Раванди мушаххаси ташаккули аҷдоди халқи тоҷик ҳанӯз дар ҳазораи якуми пеш аз милод, дар қаламрави  давлати Ҳахоманишиён (соли 550 пеш аз милод) ҷараён ёфта, давраҳои дигари давлатдории тоҷикон замони Сосониён (солҳои 226-651) ва Сомониён (солҳои 875-999) ба шумор меравад.

Гуфтан бамаврид аст, ки тоҷикон дар ҷараёни ташаккули таърихии худ роҳи пуршебу фароз ва мураккаберо паси сар намуда, дар заминаи ду тамаддуни бузурги ҷаҳонӣ-тамаддуни ориёӣ ва тамаддуни исломӣ арзишҳои пурқимату ҷовидонаи маънавию моддиро эҷод кардаанд. Беҳтарин фарзандони миллати тоҷик дар саргаҳи донишу фарҳанги ҷаҳонӣ меистоданд ва дар рушди инсоният саҳми босазо гузоштаанд.

Баъди шикасти аввалин давлати мутамаркази сиёсии тоҷикон  – Сомониён халқи тоҷик қариб ҳазор сол давлати мустақили худро надошт. Гарчанде тоҷикон аз соли 1917  дар ҳайати давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ дар қаламрави муайяне зиндагии дастаҷамъӣ мебурданд, аз ҳокимияти сиёсӣ маҳрум буданд, истиқлолияти воқеӣ надоштанд. Тоҷикон аз муайян кардани муҳтаво, мақсад ва самтҳои фаъолияти давлатдорӣ дар канор нигоҳ дошта мешуданд.

Истиқлолияти Тоҷикистон ва соҳиби давлату давлатдории худ гардидани тоҷикон агар аз як тараф маҳсули равандҳо ва таҳаввулоти таърихии охири асри бистум бошад, аз сӯйи дигар натиҷаи талошҳои садҳо фарзандони баору номуси миллат аст, ки барои озодӣ, ободӣ ва обрӯйи миллату истиқлолияти Ватани азизамон фидокориву ҷоннисориҳо кардаанд. Аз ин рӯ, рӯзи 9-уми сентябри соли 1991 барои мо на танҳо Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, боз ҳамчун  санаи тантанаи адолати таърихӣ азизу арҷманд гардидааст.

Дар давоми солҳои  истиқлолият  халқи тоҷик ба дастовардҳои зиёд ноил гашт, ки асоситарини онҳо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсиси Парламенти дупалатагӣ ва касбӣ, қабули Нишону  Парчами давлатӣ ва Суруди миллӣ, ба муомилот баровардани асъори миллӣ – сомонӣ, қабули қонуни забони давлатӣ, таъсиси  Артиши миллӣ ва қувваҳои сарҳадӣ мебошад.

Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастовардҳои истиқлолият боз як нуктаи муҳимеро қайд  карда, гуфтаанд: «Бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди даврони соҳибихтиёрии халқи мо таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мебошад, ки дар натиҷаи раҳнамоии мардум ба худшиносиву худогоҳии миллӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанги деринаи халқи тоҷик, суннату ойинҳои давлату давлатдории мустақилонаи он, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва арҷ гузоштан ба мероси гузаштагонамон  муяссар гардид».

Мо бояд иттиҳоду ҳамбастагӣ, сулҳу суботи ҷомеа ва ваҳдати миллиамонро, ки ҷавшани мо дар муқобили хатарҳои замони муосир мебошанд, чун гавҳараки чашм ҳифз кунем, зеро қудрати мо дар иттиҳоду сарҷамъӣ, ватандӯстӣ ва заҳмати содиқонаи мо ба хотири ободии ватан ва рушди давлатамон аст”.

Судяи Суди иқтисодии вилояти Хатлон Саъдуллозода С.Т.

     

Прокрутить вверх