Санаи 31-уми январи соли 2024 дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Бохтари вилояти Хатлон оид ба натиҷаи фаъолияти мақомоти судӣ дар вилояти Хатлон дар соли 2023 нишасти матбуотӣ бо иштироки намояндагони васоити ахбори омма баргузор гардид. Дар нишасти матбуоти Раиси Суди вилояти Хатлон Расулзода Нуриддин Ғафор, раиси Суди ҳарбии гарнизони Хатлон Ҳамзазода Тоҳир Сафар, Раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон Искандарзода Б.М., судяҳо ва кормандони дастгоҳҳои судҳои вилояти Хатлон иштирок намуданд.
Дар оғоз Раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Расулзода Нуриддин Ғафор намояндагони воситаҳои ахбори оммаро бо натиҷаи фаъолияти мақомоти судӣ дар соли 2023 ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2024 шинос намуд.
Қайд гардид, ки вазифаҳои мақомоти судӣ тибқи муқаррароти Конститутсия ва қонунҳо ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо ва таъмини қонунияту адолат дар ҷомеа буда, бо ҳамин мақсад корҳои муайяне амалӣ карда шуданд.
Нахуст Муовини раиси Суди вилояти Хатлон доир ба фаъолияти Суди вилояти Хатлон дар соли 2023 мухтасар маълумот дод.
Баъдан раиси Суди ҳарбии гарнизони Хатлон муҳтарам Ҳамзазода Тоҳир Сафар доир ба фаъолияти Суди ҳарбии гарнизони Хатлон дар соли 2023 мухтасар маълумот дод.
Сипас раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон муҳтарам Искандарзода Б.М. доир ба фаъолияти Суди иқтисодии вилояти Хатлон дар соли 2023 маълумот дода иброз намуд, ки тибқи маълумотҳои оморӣ ба Суди иқтисодии вилояти Хатлон дар соли 2023, 550 адад ариза ворид гардидааст, ки аз онҳо 2 аризаи адъвогӣ аз қабул рад карда шуда, 43 аризаи даъвогӣ баргардонида шуда, 500 аризаи даъвогӣ ба истеҳсолоти судӣ қабул карда шуда, аз рӯи онҳо парвандаи иқтисодӣ оғоз карда шудааст. Ҷамъи умумии парвандаҳо, бо назардошти 47 парванда аз соли 2022 боқӣ монда, 547 ададро ташкил медиҳанд.
Аз шумораи умумии парвандаҳо 500 адади он моҳиятан баррасӣ карда шуда, бо онҳо санадҳои ниҳоии судӣ қабул карда шудааст. Аз ҷумла, вобаста ба 255 адад парванда даъво пурра, нисбат ба 64 адад парвандаҳо даъво қисман қонеъ карда шуда, аз рӯи 83 адад парвандаҳо даъво рад карда шудааст. Инчунин вобаста ба 35 адад парвандаҳо аризаҳо бебаррасӣ мононда шуда, 62 адад парвандаҳо дар истеҳсолоти судӣ қатъ карда шудааст, аз ҷумла 11 адад бо тасдиқ гардидани созиши оштӣ. Парвандаҳои нотамом бошад, дар охири давраи ҳисоботи 47 ададро ташкил медиҳад.
Аз рӯи парвандаҳои ба суд воридшуда ва баррасигардида, маблағи 323 337,69 сомонӣ боҷи давлатӣ пешпардохт карда шудааст. Маблағи 835 260,90 сомонӣ боҷи давлатӣ бо ҳалномаҳои судӣ руёнида шудааст, ки аз ин 234892,01 сомонӣ воқеан ба буҷаи давлат ситонида шудааст.
Парвандаҳои иқтисодӣ ва дигар парвандаҳое, ки аз муносибатҳои ҳуқуқи гражданӣ бармеоянд 164 парванда ба маблағи 76 029 844,35 сомонӣ баррасӣ шуда, вобаста ба 111 адад парвандаҳо аризаи даъвогӣ пурра қонеъ, нисбат ба 17 адад парвандаҳо даъво қисман қонеъ карда шуда, бо санадҳои судӣ маблағи 52 473 900,90 сомонӣ рӯёнида шудааст.
Оид ба рӯёнидани маблағи қарз аз ҳисоби молу мулки ба гарав гузошташуда 24 адад парвандаҳо ба маблағи 7 301 556,20 сомонӣ баррасӣ шуда, вобаста ба 17 адад парванда даъво пурра ва нисбат ба 4 адад парвандаҳо даъво қисман қонеъ карда шуда, маблағи 6 538 130,60 сомонӣ рӯёнида шудааст.
Оид ба рӯёнидани маблағи қарз барои истифодаи қувваи барқ 28 адад парвандаҳо ба маблағи 44 523 227,84 сомонӣ баррасӣ шуда, вобаста ба 21 адад парвандаҳо даъво пурра ва нисбат ба 1 адад парванда даъво қисман қонеъ карда шуда, маблағи 31 398 528,08 сомонӣ рӯёнида шудааст.
Оид ба мавриди баҳс қарор додани санадҳои ғайримеъёрии ҳуқуқӣ, қарорҳо ва амали (беамалӣ)-и мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, дигар мақомот ва шахсони мансабдор 152 адад парвандаҳо баррасӣ шуда, вобаста ба 79 адад парванда даъво пурра ва нисбат ба 13 адад парванда даъво қисман қонеъ карда шуда, қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳо беэътибор дониста шудааст.
Дар бораи аз нав баррасӣ намудани санадҳои судӣ аз рӯи ҳолатҳои нав ошкоршуда 21 адад ариза баррасӣ гардида, 6 адад ариза қонеъ карда шуда ва 15 адади он рад карда шудааст.
Ҳамзамон дар ин давра 3 адад супориши судии давлатҳои хориҷӣ баррасӣ гардида, як адад бо иштироки шахсони хориҷӣ барраси карда шудааст.
Оид ба баррсии ариза ва пешниҳодҳо вобаста ба иҷрои санадҳои судии судҳои иқтисодӣ 38 адад ариза баррасӣ шуда, 6 адад пурра қонеъ карда шуда, 23 адад қисман қонеъ карда шуда ва 9 адад рад карда шудааст.
Оид ба даъвоҳои прокурор 59 адад парванда ба маблағи 65 759 172,59 сомонӣ баррасӣ шуда, вобаста ба 48 адад парванда даъво пурра ва нисбат ба 5 адад парванда даъво қисман қонеъ карда шуда, маблағи 45 974 183,41 сомонӣ рӯёнида шудааст.
Оид ба даъвоҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 1 адад парванда ба маблағи 107 355 сомонӣ баррасӣ шуда, маблағи мазкур пурра руёнида шудааст.
Дар соли 2023 ҷамъи умумии маблағҳои зарари ба фоидаи давлат руёнидашуда 46 870 599,90 сомониро ташкил медиҳад.
Раиси суд қайд намуд, ки таъмини иҷрои санадҳои судӣ, аз ҷумла санадҳои судие, ки дар асоси онҳо зарари ба давлат расонидашуда ва боҷи давлатӣ руёнида шудааст, зери назорати доимии роҳбарият қарор дода шуда, дар ин самт суди иқтисодӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст.
Аз ҷумла дар давраи ҳисоботӣ, санадҳои судӣ вобаста ба рӯёнидани зарари ба фоидаи давлат рӯёнидашуда ба маблағи 34 915 935,35 сомонӣ воқеан иҷро карда шуда, маблағҳои зикршуда воқеан ба буҷаи давлат пардохт карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 2 252 441,28 сомонӣ зиёд мебошад.
Сипас, намояндагони васоити ахбори омма ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.