Дар шароити ҷаҳони муосир, ки об ба яке аз омилҳои муҳими амният ва рушди устувори давлатҳо табдил ёфтааст, Тоҷикистон бо ташаббусҳои доимӣ ва ва сиёсати оқилонаи роҳбарияти худ дар сатҳи байналмилалӣ мавқеи устувор пайдо кардааст.
Бахусус, бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо тавонистааст, ки иқдомҳои муҳими глобалиро доир ба масъалаи об роҳандозӣ ва бомуваффақият татбиқ кунад.
Панҷ ташаббуси муҳими ҷаҳонӣ
Аз ҷониби Тоҷикистон бо истифода аз минбари Созмони Милали Муттаҳид то имрӯз панҷ ташаббуси калидии байналмилалӣ пешниҳод шудааст, ки онҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ бо хушнудӣ пазируфта шуда, ба таври густурда амалӣ гардидаанд. Он ташаббусҳо инҳоянд:
- Соли байналмилалии оби тоза (2003). Бо пешниҳоди Тоҷикистон ва дастгирии СММ соли 2003 ҳамчун Соли байналмилалии оби тоза эълон гардид. Ин ташаббус бори аввал таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба мушкилоти дастрасии инсон ба оби тоза ҷалб кард;
- Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” (2005-2015)
Ин даҳсола бо ибтикори Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, ҳадафи он таъмини ҳуқуқи инсон ба об ва беҳсозии дастрасии оби ошомиданӣ дар сатҳи ҷаҳон буд;
- Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013). Ҳадафи он тақвияти ҳамкории байнидавлатӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ дар идоракунии захираҳои об, махсусан обҳои фромарзӣ буд.
- Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” (2018-2028);
СММ соли 2018-ро бо пешниҳоди Президенти Тоҷикистон оғози ин даҳсола эълон кард. Ин ташаббус ба ҳалли мушкилоти истифодаи об, коҳиши фишори экосистемӣ, мусоидат ба рушди устувор ва тақвияти ҳамкории кишварҳо дар масъалаҳои об равона шудааст;
- Конфронси СММ оид ба захираҳои об (2023, бо ҳамоҳангсозии Тоҷикистон ва Нидерландия).Дар асоси маълумоти СММ, дар ҷаҳон зиёд аз 276 ҳавзаи обии фаромарзӣ вуҷуд дорад, ки бе ҳамкорӣ ҳаллу фасли мушкилиҳои вобаста ба онҳо имконнопазир аст.
Ҳамаи ин ташаббусҳо ба густурдагии ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҳалли дастаҷамъии мушкилоти умумӣ ва беҳтар кардани дастрасӣ ба оби тоза дар миқёси олам равона гардидаанд.
Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари кӯҳистон ва дорои захираҳои бойи об бо зиёда аз 13 ҳазор пирях, ҳазорҳо дарё ва чашма манбаи асосии об дар минтақа ба ҳисоб рафта, беш аз 60 дарсади захираҳои оби Осиёи Марказӣ дар ҳудуди он ташаккул меёбад ва зимни истифодаи онҳо манфиатҳои ҳамсояҳои поёнобро ҳамеша ба инобат мегирад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимнисуханрониҳои худ дар минбарҳои баланд, аз ҷумла дар Созмони Милали Муттаҳид борҳо таъкид кардаанд:
“Мо обро бояд ҳамчун манбаи сулҳу ҳамкорӣ, на василаи рақобат ва низоъ истифода барем. Тоҷикистон омода аст, ки минбаъд низ саҳми фаъолу созандаи худро дар рушди рӯзномаи глобалии об гузорад”.
Душанбе – мизбони гуфтугӯҳои ҷаҳонӣ
Тоҷикистон аз соли 2013 ба ин сӯ дар шаҳри Душанбе бо ибтикори бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон конфронсҳои байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об баргузор мекунад. То имрӯз ҷониби Тоҷикистон шаш маротиба чунин ҳамоиш доир кардааст, ки дар онҳо садҳо намояндаи мамлакатҳои гуногун, созмонҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои илмӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат варзидаанд.
Маҳз ҳамин гуна чорабиниҳо имкон доданд, ки Душанбе ҳамчун минбари гуфтугӯҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар мавзӯи об шинохта шавад. Ҳамзамон, Тоҷикистон бо баргузории чунин конфронсҳо саҳми назарраси худро дар ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон ба масъалаи об ба таври возеҳ ифода мекунад.
Қадами таърихӣ: конфронси СММ оид ба захираҳои об, 2023
Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Подшоҳии Нидерландия моҳи марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорки ИМА конфронси ҷаҳонии оби СММ-ро ташкил кард. Ин чорабинӣ нуктаи марҳилавӣ дар таҳияи рӯзномаи амалиёти об гардид.
Тоҷикистон аз соли 2020 узви фаъоли Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ ва Кумитаи роҳбарикунандаи Шабакаи оби СММ мебошад. Ин нуфузи байналмилалӣ ба кишвари мо имконият медиҳад, ки дар ташаккули сиёсати глобалӣ дар соҳаи об нақши фаъол дошта бошад.
Дар ин конфронс зиёда аз 10 ҳазор намоянда иштирок карда, 700 иқдом ва садҳо пешниҳод матраҳ шуда, дар робита ба беҳтарсозии идоракунии захираҳои об мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ раҳмон дар суханронии ифтитоҳии худ чунин таъкид карданд: “Мо итминон дорем, ки об бояд ҳамчун омили муттаҳидсозанда, василаи сулҳ, рушд ва ҳамкории кишварҳо дар миқёси байналмилалӣ арзёбӣ гардад”.
Корҳои амалии дохилӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ташаббускориҳои байналмилалӣ дар дохили кишвар низ барои беҳбуди вазъи дастрасии аҳолӣ ба об ва истифодаи оқилонаи захираҳои об тадбирҳои муфид амалӣ мекунад. Чунончи:
- то соли 2023-юм 84 дарсади аҳолии мамлакат ба оби тозаи нӯшокӣ дастарсӣ пайдо кардааст;
- бунёди Неругоҳи барқи обии “Роғун” дар доираи татбиқи иқдоми энергияи сабз, ки як тарҳи стратегии миллӣ ба шумор меравад, на танҳо барои амнияти энергетикии кишвар, балки барои минтақа аҳамияти калон дорад;
- татбиқи Стратегияи миллии захираҳои об барои солҳои 2021-2030, ки бо дастгирии шарикони рушд амалӣ мегардад;
- азнавсозии беш аз 3 ҳазор километр шабакаҳои обтаъминкунӣ ва садҳо иншооти тозакунӣ дар шаҳрҳо ва деҳоти кишвар.
Хулоса
Имрӯз Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари ташаббускор, сулҳпарвар ва масъул дар масъалаҳои об эътироф шудааст. Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷаҳониён нишон дод, ки ҳатто як кишвари кӯҳистон метавонад дар ҳалли мушкилоти глобалӣ, аз ҷумла ҳифзи захираҳои обӣ саҳми назаррас гузорад. Ҳар як ташаббуси Тоҷикистон дар соҳаи об на танҳо рамзӣ, балки амали воқеӣ буда, садҳо лоиҳа дар кишварҳои мухталиф роҳандозӣ шуд, даҳҳо ҳамоиши сатҳи баланд ташкил гардид ва таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи об ва дастрасии одилонаи он афзуд, ки ин бесабаб нест. Зеро ба таъбири Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, “об яке аз захираҳои муайянкунандаи ояндаи инсоният аст”.
Сайдалӣ Сироҷиддин Сайвалӣ,
судяи Суди иқтисодии вилояти Хатлон