Санаи 13 сентябри соли 2024 Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Р.П. бо сафари корӣ ба суди иқтисодии вилояти Хатлон ташриф оварда, бо шароити кории судяҳо ва кормандони суд шиносоӣ пайдо намуданд. Зимни азназаргузаронӣ муҳтарам Мирзозода Р.П. утоқҳои кории судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд, шӯъбаи коргузорӣ, китобхонаи суд ва саҳни ҳавлии бинои судро пас аз таъмир намудан дидан карда, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судро вазифадор намуданд, ки пас аз муҳаё гардидани шароити хуби корӣ, фаъолияти худро боз ҳам беҳтар ба роҳ монда, барои саривақт ва бо сифати баланд баррасӣ намудани парвандаҳо ва иҷроиши дастуру супоришҳо кӯшиш ба харҷ диҳанд.