Рӯзҳои 19–21 майи соли 2025, дар шаҳри бостонии Санкт-Петербург Форуми байналмилалии ҳуқуқии Санкт-Петербург (ФБҲСП-2025) ифтитоҳ гардид. Ин чорабинии сатҳи баланд яке аз муҳимтарин платформаҳои муҳокимаи масъалаҳои ҳуқуқӣ дар фазои Евразия ба шумор меравад. Форуми мазкур иштирокчиёнро аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон гирд овардааст, аз ҷумла, намояндагони мақомоти давлатӣ, судҳо, созмонҳои байналмилалӣ, ширкатҳои ҳуқуқӣ ва донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон. Дар қатори ҳуқуқшиносон ва мутаххасисони барҷастаи ҷаҳон, дар кори форум Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Р., Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдуллозода З. ва Раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон муҳтарам Искандарзода Б. иштирок намуданд.
Дар доираи форум масъалаҳои калидии соҳаи ҳуқуқ, ба монанди, ҳуқуқи байналмилалӣ, иқтисоди рақамӣ, ҳифзи муҳити зист, арбитражи сармоягузорӣ, ҳуқуқи инсон ва ҳамгироии қонунгузорӣ дар шароити ҷаҳони муосир баррасӣ мегарданд. Муколамаи васеи таҷрибаи кишварҳои гуногун ва рушди ҳамкориҳои судӣ яке аз бахшҳои муҳими барнома мебошад.
Форуми мазкур на танҳо ҳамчун майдони муҳими муколама ва таҳлили масъалаҳои ҳуқуқӣ хидмат мекунад, балки равзанаи имкониятҳо барои тақвияти ҳамкориҳои байниминтақавӣ, мубодилаи таҷриба, ташаккули сиёсати ҳуқуқии устувор ва таълифи тавсияҳои мушаххас барои ислоҳоти қонунгузорӣ мебошад.


