Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи олам ҳамчун роҳбари ташаббускор ва нақшгузор дар ҳалли мушкилоти глобалӣ эътироф гардидаанд. Дар ибтидои асри XXI муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз аввалин роҳбароне ҳастанд, ки ба баррасӣ ва ҳалли мушкилоти кишвари худ ва ҳамчунин, инкишофи роҳи дурусти ташаккул барои ояндаи башарият таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудаанд, ки дар арсаи ҷаҳон роҳбарони кишварҳои пешрафтаи олам ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ташаббусҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро хеле хуб истиқбол ва пуштибонӣ менамоянд.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо андешаҳои худро доир ба мушкилоти минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ ва чорабиниҳои сатҳи гуногун баён намуда, ҷомеаи ҷаҳониро ба кӯшишҳои дастҷамъона барои истодагарӣ дар рӯ ба рӯи ин хатарҳои инсонӣ ва инчунин роҳҳои ҳаллу пешгирии он даъват намудаанд.
Саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳаллу фасли масъалаҳои глобалӣ ниҳоят бузург ва саривақтианд. Зеро тибќи маълумотњо дар љањон миллионњо нафар ба оби тоза дастрасӣ надоранду оби ифлосро истеъмол менамоянд ва ҳазорон кӯдак аз бемориҳое, ки ба об вобастаанд, мефавтанд. Норасоии оби тоза, мушкилоти рақами яки инсоният дар асри XXI ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, бартараф накардани мушкилоти вобаста ба об омили асосии бархӯрди қудратҳову тамаддунҳо шуда метавонад. Дар ин маврид як нукта мавриди зикри хос мебошад. Ин ҳам қобилияти дарки саривақтии ин мушкил ва пешниҳоди тадбирҳо ва талошҳои пайгирона дар роҳи ҳалли он аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Яъне Пешвои миллати тоҷикон ин мушкили глобалиро пештар ва бештар аз ҳама дарк кардаву ҷомеаи ҷаҳонро барои ҳалли он даъват намуданд.
Боиси зикр аст, ки соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005 – 2015 Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», соли 2013 Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об ва ниҳоят 21-уми декабри соли 2016 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018 – 2028, эълон гардид, ки аз муҳимтарин иқдомоти ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббусҳои Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор мераванд.
Ташаббуси чорум таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди усувор», солҳои 2018-2028 нахустин маротиба аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми 7-уми умумиҷаҳонии об, 12-уми апрели соли 2015 дар Ҷумҳурии Корея пешниҳод гардида, санаи 21-уми декабри соли 2016 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дар ҳамовозии беш аз 177 давлати ҷаҳон бо қатъномаи махсус қабул шудааст.
Тибқи Қатъномаи дахлдори Созмони Милали Муттаҳид Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди усувор», солҳои 2018-2028 дар рӯзи байналмилали захираҳои об, яъне 22-юми марти соли 2018 оғоз гардида, то 22-юми марти соли 2028 давом хоҳад кард. Мақсади асосии Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди усувор», солҳои 2018-2028 муҳайё сохтани механизм ва платформаи иловагӣ барои мусоидат баҳри расидан ба њадафҳои Рушди Устувор дар қисмати об ва дигар ҳадафҳои марбут ба оби дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқагардидаро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, Қатънома талаб менамояд, ки кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байнидавлатӣ ва тамоми ҷонибҳои манфиатдор ба рушди устувори захираҳои об таваҷҷӯҳи хосса зоҳир намуда, тавассути мудирияти ҳамгироянаи захираҳои об баҳри густариши ҳамкориву иштирок дар ҳама сатҳҳо, ҷалб ва татбиқи барномаву лоиҳаҳои соҳаи об кӯшиш ба харҷ диҳанд. Бо назардошти ин, дар сатҳи ҷаҳонӣ қабул гардидани Қатъномаи мазкур як платформаи муҳим ва арзишмандро барои ҳалли масъалаҳои марбут ба об муҳайё месозад, ки дар татбиқи мақсаду вазифаҳои марбут ба оби њадафҳои Рушди Устувор мусоидат менамояд. Ҳамчунин, Қатномаи мазкур захираҳои молиявӣ, кӯмакҳои гуногуни техникиро муттаҳид гардонида, истифодаи самароники захираҳои молиявии мавҷударо барои татбиқи ҳадафҳои марбут ба захираҳои рушди устувор густариш дода, барои ҷалби бештари маблағҳои сармоягузорӣ аз сарчашмаҳои гуногун шароит фароҳам меовард. Сармоя ва маблағгузорӣ дар соҳаи об хусусан барои рушди инфрасохтори об яке аз омилҳои асосии ҳалли масъалаҳои соҳаи об мебошад ва интизор меравад, ки қабул гардидани даҳсолаи нав, яъне Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 ба ин раванд такони ҷиддӣ ва нерӯи тоза мебахшад.
Илова бар ин, боиси хушнудӣ ва истиқболу сарфарозист, ки 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи об якдилона бо қабули қатъномаи махсуси худ тасдиқ намуд ва тибқи ин қатънома соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардид. Яъне, қабули чунин қатънома шаҳодати идомаи татбиқи ташаббусҳои боло зикри байналмилалии Тоҷикистон дар мавзӯи обу иқлим мебошад. Дар асоси қатъномаи мазкур, пешниҳодҳои ироашудаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд, аз ҷумла:
– Эълон гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;
– Эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;
-Дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо;
– Дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шањри Душанбе.
Аз ин рӯ, Қатъномаи номбурда аҳаммияти умумибашарӣ дошта, пиряхҳоро ҳамчун ҷузъи таркибии даври гидрологӣ ва таъсири ҷиддии обшавии босуръати онҳоро ба иқлим, муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устувор қайд намудааст. Инчунин дар ин санад таъкид шудааст, ки таъсири гармшавии глобалӣ боиси қоҳиши густурдаи криосфера шудааст, ки дар натиҷа устуворӣ дар минтақаҳои баландкуҳҳо кам шуда, миқдору мавсими маҷрои об ва захираҳои обро дар ҳавзаҳои дарёҳои барфу пиряхдор тағйир додааст. Ин омил ба паст шудани маҳсулоти маҳаллии кишоварзӣ, афзоиш ёфтани норасоии об ва баланд шудани сатҳи миёнаи баҳрӣ таъсир расонида истодааст.
Албатта, тағйирёбии глобалии иқлим ба сифати яке аз мушкилоти муосир, пеш аз ҳама, ба ҳолати пиряхҳо, захираҳои барф ва об таъсири манфӣ мерасонад. Бинобар ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ин масоили муҳим ва мубрам, ки хислати ҷаҳонӣ дорад, аз минбарҳои созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ борҳо суханронӣ намуда, ҷиҳати пешгириву ҳалли он таъкид варзидаанд.
Ҳамин тавр, дар асоси андешаҳои болозикр, гуфта метавон, ки барои расидан ба ҳадафҳои меҳварии сиёсати давлативу умумибашарӣ оид ба ҳифзи захираҳои обӣ зарур аст, ки тамоми давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ новобаста аз эҳтиёҷмандиашон нисбат ба ин захираи табиӣ ташаббускорӣ ва ҳамбастагии муштаракро тақвият бахшанд. Чунки истифодаи беҳтари захираи обҳои фаромарзӣ ба ҳамкории зичи миёни кишварҳои ҳамсоя бештар вобастагӣ дорад. Аз ин лиҳоз, ҳамкорӣ ва ҳамгироии байни кишварҳои ҳамсояи наздисоҳилӣ дар таъмини истифодаи босуботи об барои наслҳои оянда нақши муҳим мебозад. Дар баробари ин, яке аз ҳадафҳои бунёдии расидан ба мақсадҳои пешгузоштаи давлат оид ба беҳдошти вазъи экологӣ, ҳамчунин ҳифзи захираҳои обӣ мақоми ҳар як узви ҷомеа низ калидӣ маънидод мегардад.
Котиби маҷлиси судӣ Суди иқтисодии вилояти Хатлон Сулаймонзода Д.Х.