Дар раванди ҷаҳонишавӣ хатарҳои терроризм ва экстремизм масъалаи мубрами рӯз ба ҳисоб мераванд. Зеро ин зуҳурот, пеш аз ҳама, ба ҳуқуқу озодиҳои инсон, амнияту осоиштагии давлатҳои дунё зарар мерасонанд. Бинобар ин, дар замони муосир ба таҳдиди экстремизму терроризм ва коҳиш додани сатҳи содиршаваии он диққати махсус дода мешавад. Вобаста ба ин муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар қонунгузории қариб тамоми давлатҳои дунё пешбинӣ гардидааст.
Имрӯз яке аз масъалаҳои ногуворе, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Созмонҳои террористию экстремистӣ фаъолияташонро вобаста ба паҳннамудани ғояҳои тундравона, барангехтани кинаву адоват ва низои мазҳабӣ дар ҷомеа, ба худ ҷалбнамудани ҷавонон ва содир намудани ҷиноятҳои хусусияташон экстремистӣ ва террористӣ пурзӯр намуда, мехоҳанд сохти ҷаъмиятӣ – сиёсии ин ё он кишварро бо роҳи зӯроварӣ тағйир диҳанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Преиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш санаи 28 декабри соли 2024 қайд намуданд, ки «Дар ин ҷода, мубориза бо терроризм ва экстремизм самти афзалиятнок ба шумор меравад, зеро ин зуҳурот ҳоло ба хатари глобалӣ мубаддал гардида, тамоми аҳли башарро ба ташвишу нигаронӣ овардааст».
Қайд кардан зарур аст, ки экстремизм ва терроризм боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш–таҳдидё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз онихуд кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.
Бо дар назардошти онки қишри зиёди ҷомеаи моро ҷавонон ташкил медиҳанд, аксари падидаҳои номатлуб ва таҳиягарони онҳо кӯшиш мекунанд, ки ба мафкураи қишри ҷавони ҷомеа таъсир расонида, қувваи бузурги онҳоро барои ҳадафҳои ғаразноки хеш истифода намоянд. Ин бошад ба ҷомеаи мо, бахусус давлатдории миллии мо хатари ҷиддӣ дорад.
Дар ин робита, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомали Раҳмон борҳо таъкид намудааст, ки «Террористу ифротгаро ватану миллат ва дину мазҳаб надорад. Терроризму ифротгароӣ на сарҳадро эътироф мекунаду на давлатро». Вазъи имрӯза зарурати муборизаи ҷиддиро ба муқобили ин қувваҳои ифротӣ ба миён меорад. Террорист ва ифротгаро миллат ва давлат надорад. Моҳиятан чунин гурӯҳҳо ва амалҳои террористию ифротгаронаи онҳо хусусияти байналхалқӣ доранд. Мусаллам аст, ки амалҳои ин қувваҳо барои ҳаёти осоиштаи тамоми давлатҳои минтақа, аз он ҷумла Тоҷикистон наметавонанд бехавф бошанд. Зарур аст, ки тамоми мардуми озодихоҳи Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар мубориза бар зидди чунин падидаҳои ифротӣ дастҷамъ бошанд.
Дар ин давра самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи таъмини амнияти миллӣ ва мубориза бо терроризму ифротгароӣ, пеш аз ҳама ташаккули заминаҳои меъёрӣ, ҳуқуқи пешгирӣ ва муқовимат бо ин омилҳои номатлуб ҷомеаро фаро мегирад.
Дар ин масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд: “Имрӯз экстремизм ва терроризм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст”. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори муқовимат ба экстремизм ва терроризм мавқеи устувор дошта, таҷрибаи ғанӣ касб намудааст ва дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо мақсади мубориза алайҳи ин амалҳои номатлуб дар кишвари мо заминаҳои меъёрии ҳуқуқии мусоид фароҳам оварда шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи дигар кишварҳои ҷаҳон бо ин зуҳуроти номатлуб мубориза бурда, талош мекунад, то ки аз пайомади ногувори ин гуна амалҳо пешгирӣнамояд.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистоназ 1 июни соли 2021, № 187 Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 қабул гардидааст. Дар асоси Стратегияи мазкур муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар марҳилаи кунунӣ баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти давлатӣ, тақвияти ҳамкориҳои онҳо бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар самти коҳиш додан, кам ва паст намудани хавфу таҳдиди терроризм, инчунин тақвияти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва таъмини волоияти қонунмебошанд.
Бояд зикр кард, ки масъала тарбияи ватандӯстӣ, ифтихорӣ миллӣ, худшиносиву худогоҳии шаҳрвандон, бахусус, насли ҷавони кишвар зери таваҷҷуҳи ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ӯ дар мулоқоту вохӯриҳо ва Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии кишвар ҷиҳати таълиму тарбияи дурусти насли наврас ва тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстиву худшиносии миллӣ пайваста таъкид менамояд. Масалан дар Паёми навбати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 23 декабари соли 2022 омадааст: «Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад. Яъне, ҳар яки мо бояд минбаъд низ мафҳумҳои «ватандӯстӣ» ва «рушд»-ро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем».
Дар кишвари азизамон Тоҷикистон бо мақсади асосҳои ҳуқуқӣ пайдо кардани тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон 16 декабри соли 2022, №332 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар барои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» қабул гардид. Қонуни мазкур ҳадаф, принсип ва самтҳои тарбияи ватандӯстӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии онро муқаррар карда, муносибатҳои вобаста ба ташкили заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, таъмин ва танзими фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон муайян мекунад.
Истиқлолияти давлатӣ ва озодӣ барои мо неъматҳои муқаддастарин ва бузургтарин мебошанд, ки тамоми дастовардҳои мо аз онҳо вобастаанд. Аз ин рӯ, ҳифзи озодию Истиқлолият ва манфиатҳои миллию давлатӣ вазифаи муҳимтарини ҳар як фарди бонангу номус, ватандӯсту ватанпараст ва худшиносу худогоҳӣ ин сарзамин мебошад. Имрӯз ҳар як соҳибватанро мебояд, ки дар пос доштани музаффариятҳои Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, тинҷию оромӣ ва ободониву созандагии диёр саҳми арзандаи хешро гузорад.
Саъдуллозода С. Т, –Судяи Суди иктисодии вилояти Хатлон.
Сулаймонзода Д. Х, – котиби маҷлиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон.