“Бо танзими анъана ва ҷашну маросимҳо мардуми кишварамон зиндагии хешро осуда ва пурсамар хоҳад кард”
Эмомалӣ Раҳмон
Анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ аз омилҳои муҳими таъсирасон дар ҳаёти иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, дар ҳаёти ҳаррӯзаи мо дар шакли меъёри муайяни қоидаи рафтор зоҳир мегарданд. Анъана ва расму оинҳои милливу динии мо аз ниёгонамон тавассути аз насл ба насл додани донишҳо, меъёрҳо ва арзишҳои иҷтимоӣ то ба имрӯз омада расидаанд. Дар кишваре, ки дар ҳоли рушду инкишоф қарор дорад бояд танзиму анъана дар мадди аввал риоя карда шавад. Танзими расму оинҳо тақозои замон ва ба манфиати мардум буда, барои иқтисодиёти ҳар як кишвар манфиатбахш мебошад.
Боиси зикр аст, ки мардуми мо аз замони қадим то имрӯз маросимҳо ва расму оини гуногун доштанд, ки аксари онҳо дорои хусусиятҳои ахлоқиву маънавӣ ҳастанд. Мутаассифона, халқ ба расму оин ва маросимҳо дар тӯли қарнҳо тағйироти зиёде ворид кардаанд, ки оҳиста-оҳиста асолат ва моҳияти маънавии онҳо аз байн рафта, ба маросимҳои худнамоӣ ва исрофкорӣ табдил шуданд. Мардум ҳанӯз моҳияту маънои аслии баргузории маросимҳоро дарк накарда, ҳангоми иҷрои маросимҳое чун эҳтироми арвоҳи гузаштагон, хонадоршавиву хатнасур ва ғайра ба сарфи маблағҳои калон роҳ медоданд, ки албатта, на ҳама имкон ва шароити онро доранд, вале баргузории ин маросимҳо ба мисли мусобиқае шудааст. Ин равандро, махсусан, то замони қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бараъло мушоҳида кардан мумкин буд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар доираи арзишҳои суннатӣ таҳия гардидааст, ки бо таклифу дархост ва пешниҳоди мардуми бофарҳанги тоҷик мебошад. Ягона санади меъёриву ҳуқуқие, ки расму оин ва ҷашну маросимҳои мардумро дар як низоми муайян пешбинӣ кардааст, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад. Қабули қонуни мазкур, бо ташаббус ва ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 8-уми июни соли 2007 рост меояд. Мардуми бофарҳанги тоҷик дар камтарин фурсат, мубрамияти қабули қонун ва ба манфиати халқ равона шудани онро зуд дарк намуданд. Чун яке аз мубрамияти Қонуни мазкур барои рафъи мушкилоти зиндагии мардум таҳия гардида, мақсаду мароми он осон кардани рӯзгор, зиндагӣ, манфиатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии мардум раҳнамун гардидааст.
Чуноне, дар моддаи аввали Қонуни мазкур зикр гардидааст: Мақсади қонуни мазкур аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст. Ҳамчунин Қонун барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ равона карда шудааст. Вазифаи қонуни мазкур танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар асоси дастовардҳои фарҳанги миллӣ ва тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад.
Боиси тазаккур аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” моҳияти динӣ надошта, балки дар асоси талаботи принсипҳои давлати ҳуқуқбунёди демократӣ ва қонунҳои амалкунандаи кишвар ба тасвиб расида, мақсад аз он, ба танзим даровардани расму оинҳо ва пешгирии исрофкорӣ ва харҷи беҳуда дар онҳо буд, то иқтисоди хонаводагӣ осебпазир ва хароб нагардад. Ҳамчунин қонун барои тоқозои таъмини рушди ҷомеаи имрӯза ва дарназардошти шароити зиндагии мардуми Тоҷикистон қабул гардида, баҳри он ки рушди ҷомеа ба маҷрои дуруст ворид шавад, мардум аз душворию монеаҳои сунъӣ ва анъанавӣ озод шаванд, давлат чораҳои зарурии ҳуқуқӣ пешбинӣ намуданро зарурӣ донистааст.
Хуллас, Қонун аз мушкилотҳои зиндагии мардум сарчашма гирифта мақсад, ҳадаф ва вазифаҳои аслиаш кӯмак ва дастгирӣ кардан ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва ҳимояи манфиатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии халқи Тоҷикистон мебошад. Он ҳамзамон мувофиқи муқаррароти ислом ва фарҳанги миллӣ буда, дар доираи арзишҳои пурғановати аҷдодонамон таҳрезӣ гардидааст. Қонун на танҳо ба арзишҳои миллӣ мувофиқ аст, балки барои тоза нигоҳ доштани расму оини миллӣ мусоидат менамояд. Мазмуни Қонун пурра ба талаботи арзишҳои башарӣ мувофиқ буда, ба дастовардҳои демократии ҷаҳонӣ такя мекунад.
Саъдуллозода Саидо Талбак,
Судяи Суди иқтисодии вилояти Хатлон