Табрикоти раиси суди иқтисодии вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бузургтарин дастовард барои миллати тоҷик баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин ба ҳайси роҳбари давлат интихоб шудани шахсияте мебошад, ки бо кирдору амалҳои созандаву дурандешона тавонист мардуми тоҷикро ба ҳам муттаҳид сохта, сулҳу ваҳдат ва якдигарфаҳмиро пойдор намуда, ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшад.

16 ноябр тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи Президент муайян карда шуда, ҳамаи мо ҳамасола дар ин рӯз “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро бо эҳтироми хоса ҷашн мегирем.

Сабаби Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардани рӯзи 16 ноябр дар он аст, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсоз марҳилаи нави давлатдории тоҷикон, яъне тибқи Конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифаи худ шурӯъ намудааст.

Ин рӯзи таърихӣ таҷассумгари орзуҳои неки мардум, кафили сулҳу ваҳдат, амнияту адолат, хираду пешрафт ва ваҳдату ҳамдилии ҷомеа мебошад.

Пас аз ҷангу муноқишаҳо ва фалаҷ гардидани механизми давлатдорӣ, маҳз бо ибтикор ва талошҳои ҳамарӯзаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми рукнҳои давлатдорӣ барқарор шуда, сулҳ ва ваҳдати миллӣ барқарор шуда, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву сиёсӣ таъмин гардида, худшиносиву худогоҳӣ таҳким ёфт ва ҳисси ватандӯстии тамоми қишрҳои ҷомеа афзуд.

Президенти мамлакат аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ бо такя ба хиради хеш ва равиши сиёсати «дарҳои кушода» бо аксари кишварҳои ҷаҳон муносибатҳои дӯстона, ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва бо як қатори онҳо робитаҳои шарикии стратегиро барқарор намудаву минбаъд онҳоро таҳким бахшид.

Таъмини низоми қонунгузории миллии мутобиқ ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии байнилмалӣ, сар карда аз қабули яке аз Конститутсияи беҳтарин дар байни давлатҳои ҳуқуқбунёд, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ бо мақсади кафолати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд низ аз дастовардҳои бевоситаи Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Бинобар ин, аҷргузорӣ ба ин рӯз ин аҷргузорӣ ба ҳамаи ин дастовардҳои давлату миллати тоҷик буда, месазад, ки мо дар атрофи Президент муттаҳид бошем, сиёсати пешгирифтаашонро, ки ба рушду нумӯи кишвар равона шудааст, ҷонибдор ва пайрав бошем.

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҷассумгари сулҳу ваҳдати миллӣ мебошад, муборак бошад!

Раиси суд                                 Искандарзода Б.М.

Прокрутить вверх