Судҳои иқтисодӣ дар меҳвари Истиқлолият

Дар заминаи  Эъломияи  соҳибихтиёрии  Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990, 9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон расман Истиқлолияти давлатии худро эълон намуд.

Яке аз дастовардҳои бузург ва нодири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аввали солҳои соҳибихтиёрӣ қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки  рӯзи  6 ноябри  соли  1994 тариқи райпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст.

Конститутсия – сарчашмаи доимамалкунандаи ҳуқуқӣ мебошад, ки дар он асосҳои сохтори конститутсионӣ, эътирофи арзишҳои олӣ будани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ ва салоҳиятҳои онҳо мушаххасу равшан муайян карда шудаанд.

Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ки риоя ва таъмину кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳвранд мақсади асосии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳифзи онҳо ба воситаи ҳокимияти судӣ амалӣ мешавад.

Бо мақсади таъмини мустақилияти ҳокимияти судӣ, ҳамчун шохаи ҳокимияти давлатӣ боби ҳаштуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаҳои 84-92) ба ҳокимияти судӣ бахшида шуда, дар он вазифа, мақсад, принсипҳои фаъолият, талаботҳо  оид ба   ва таъин шудани судяҳо, низоми судӣ муайян карда шудааст.

Мувофиқи  моддаи  84-и  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон адолати судиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияҳо, Суди иқтисодии вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе амалӣ мекунанд.

Судҳои иқтисодӣ дар низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми махсусро ишғол менамояд.

  Бояд қайд кард, ки бо мақсади танзими фаъолияти судҳои иқтисодӣ дар асоси  Конститутсия  соли 1995  ду санади нав:

-Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Кодекси  мурофиавии хоҷагии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки онҳо табдил ёфтани собиқ арбитражҳои давлатиро ба мақомоти комили ҳокимияти судӣ ифода  менамуданд ва бори аввал салоҳияти ба амалбарории адолати судиро доир ба парвандаҳои иқтисодӣ ба зиммаи судҳои иқтисодӣ вогузор гардид.

  Дар натиҷаи гузаронидани ислоҳотҳоии судӣ, қонунгузорӣ дар самти фаъолияти судҳои иқтисодӣ низ такмил ёфт. Фаъолияти судҳои иқтисодӣ бо Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 26 июли соли 2014 ва Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05 январи соли 2008 ба танзим дароварда  мешавад.

Бояд қайд кард, ки бо барҳам хӯрдани муносибатҳои маҷбурии иқтисодии нақшавӣ ва эътироф гардидани шаклҳои гуногуни моликият ва гузаштан ба муносибатҳои бозоргонӣ нақш ва мавқеи судҳои иқтисодӣ дар ҷомеа боло рафт.

Барои фаъолияти озод ва рушди иқтисоди  бозоргонӣ  дар ҷумҳурӣ заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла дар моддаи 12-и Конститутсия омадааст: “Асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро шаклҳои гуногуни моликият ташкил медиҳанд.

Давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад”.

Судҳои иқтисодӣ ягона мақоми суди кишвар мебошанд, ки манфиатҳои шаҳрвандон, ташкилотҳо ва дар ниҳоят Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ ҳимоя намуда, дар таҳкими  қонунгузории иқтисодӣ нақши муҳим  мегузоранд.

Таҳлили омори судӣ собит месозад, ки муроҷиати шахсони воқеӣ ва намояндагони шахсони ҳуқуқӣ ҷиҳати ҳифзи манфиатҳои қонуниашон тамоюли зиёдшавӣ дорад.

Афзоиши муроҷиатҳо ва баррасии парвандаҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки муносибатҳои нави ҷамъиятии фаъолияти иқтисодӣ рушд кардааст ва мардум ба судҳои иқтисодӣ эътимод доранд.

Баҳсҳое, ки соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ барои ҳаллашон  ба суди иқтисодӣ муроҷиат мекунанд, асосан ба иҷро накардани уҳдадориҳои шартномаи  хариду  фурӯш, шартномаи иҷора, шартномаи  қарз, шартномаи гарав, баҳсҳои вобаста ба истифодаи  замин байни хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аъзоёни хоҷагҳои деҳқонӣ, талаби ситондани маблаѓҳои қарз аз ҳисоби соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ ва ғайра марбут ҳастанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон  роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро пеш гирифтааст, зеро ҷомеаи ҳуқуқбунёд танҳо ба онҳое такя мекунад, ки аз нигоҳи ҳуқуқӣ босавод бошанд.

Аз ин рӯ судяҳои суди иқтисодии вилояти Хатлон дар баробари моҳиятан баррасӣ намудани парвандаҳо, инчунин ба тарғибу ташвиқи қонунҳо, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аҳмият дода, пайваста бо аҳолии вилоят вохӯриҳо гузаронида, мазмуну моҳияти қонунҳоро ба аҳоли мефаҳмонанд.

  Хулоса судҳои иқтисодӣ зодаи даврони Истиқлолият буда, дар замони ҳозира, ки замони муносибатҳои бозоргонӣ мебошад, баҳсҳои соҳаи иқтисодиётро ҳал карда, манфиатҳои тарафҳои муносибатҳои шартномавиро аз ҳуқуқвайронкунӣ ҳимоя намуда, бо ин васила ба таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ ва муътадилгардонии муносибатҳои иқтисодӣ дар ҷомеа мусоидат менамоянд.

Судяи Суди иқтисодии вилояти Хатлон  Раҳмонзода Б.И.

Прокрутить вверх