Сафари кории намояндагони судҳои иқтисодӣ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Конгресси байналмилалии зидди буҳронии Петербург “Парадная Ассамблея” дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия

Рӯзҳои 23-25 июли соли 2024 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия, Кумитаи тадорукоти доимамалкунандаи форуми умумироссиягии идоракунандагони арбитражӣ, ҷаласаи Конгресси байналмилалии идоракунии зидди буҳронӣ баргузор намуд.

Дар Форуми мазкур Раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон Искандарзода Б.М., Раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд Мирзозода П.Т., судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд Гулзода С.С., сардори раёсати ташкили кори судҳо ва баррасии муроҷиатҳои Суди Олии иқтисодӣ Асрорзода З. ва сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҳамин суд Вализода Ф. иштирок намудаанд. Форуми мазкур, дар сатҳи баланд доир гардида, дар он масъалаҳои мубрами институти муфлисшавӣ – фаъолияти касбӣ ва вазъи ҳуқуқии мақоми идоракунии арбитражӣ дар Федератсияи Россия ва давлатҳои хориҷӣ зоҳир гардидааст.

Прокрутить вверх