Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ноҳияи Спитамен боздид ба амал овард

Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Зебонисо зимни сафари кории худ ба ноҳияи Спитамен ҳамроҳ бо роҳбарияти ноҳия ва гурӯҳи корӣ аз як қатор иншоотҳои муҳим ва корхонаҳои саноатӣ боздид намуд.

Ҳадаф аз ташаббуси мазкур шиносоӣ бо вазъи умумии иқтисодию иҷтимоии ноҳия, аз ҷумла фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва шароити зисту зиндагии сокинон арзёбӣ мегардад.

Дар доираи сафар, Раиси Суди Олии иқтисодӣ ба Ҷамоати шаҳраки Навкат, Ҷамоати деҳоти Куруш ва Ҷамоати деҳоти Истиқлол ташриф оварда, бо усули “хона ба хона” бо сокинони маҳаллӣ мулоқоти озоду самимӣ анҷом доданд.

Зимни суҳбатҳо ба масъалаҳои ҳалталаб, пешниҳоди дастгирии ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Ҳамзамон, ба мардуми ноҳия вобаста ба омодагиҳо ҷиҳати сазовор истиқбол намудани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар соли 2026 ҷашн гирифта мешавад, таъкид ва талқин шуд.

Сокинон омодагии худро барои саҳмгузорӣ дар рушду шукуфоии Ватан ва таҷлили шоистаи ин санаи муқаддас баён намуданд.

Бардошт аз сомонаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен

Прокрутить вверх