Таърихи халқи тоҷик аз замонҳои қадим то ба имрӯз шоҳиди ҳодисаҳои гуногуне мебошад, ки аз давлатдориву давлатсозӣ ва қаҳрамонии шахсиятҳои бузурги миллати тоҷик гувоҳӣ медиҳад.
Агар дар бораи чунин шахсиятҳои бузург ба мисли Куруши Кабир ва Исмоили Сомонӣ мо аз китобу дигар махзанҳои таърихӣ маълумот мегирифта бошем, пас ҳоло боиси хушбахтист, ки мо дар давраи таърихие умр ба сар мебарем, ки яке аз чунин шахсиятҳои бузург сарвару пешво ва роҳбари давлати навини халқи тоҷик мебошад.
Имрӯз мо бевосита бо чашмони худ корнамоиҳои Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва рушду нумӯи бемайлони давлати азизамон Тоҷикиситонро мушоҳида намуда, аз дастовардҳои он, ки дар натиҷаи ба даст овардани Истиқлолият пас аз даҳсолаҳои бедавлатии миллати тоҷик ба он ноил гардидаем, истифода менамоем.
Дуруст мегӯянд, ки таърихро шахсиятҳои бузург меофаранд ва онҳо бо ҳаёт, ақлу заковат, андешаҳои созанда ва амалҳои худ ба зиндагии халқу миллатҳо ва ё кишварҳо таъсири бузург мегузоранд.
Агар ба суханрониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хирад назар афканем, мебинем, ки ин шахсияти бурузги таърихӣ ба оянда танҳо нигоҳи нек ва созанда дорад ва ҳамаи мақсаду маром ва донишу маҳорати худро баҳри расидан ба ҳадафи асосии давлат, яъне таъмини шароити арзандаи зиндагӣ барои тамоми мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон равона намудааст.
Танҳо ин сухани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Дар дунё кори намешуданӣ нест, агар завқу хоҳиш бошад», худ нишондиҳандаиандешаҳои созандаву бунёдкоронаи ин шахсияти бузург буда, таъмини сулҳу ваҳдат, рушду нумӯи иқтисодиёт, бунёди Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ва бунёди роҳҳову нақбҳои зиёд дар даврони Истиқлолият тавассути шикофтани кӯҳҳои осмонбӯси Тоҷикистон, тасдиқи амалии ин суханашон мебошад.
Маҳз ҳамин андешаҳо ва амалҳои Пешвои миллат таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба Тоҷикистон, ваҳдати миллии мардуми он, рушди босуботи иқтисодиёт ва беҳбуди вазъи иҷтимоии аҳолии кишварамон равона гардонид.
Барои тасдиқи дурустии гуфтаҳои боло мехоҳам, ки андешаҳои шахсиятҳои машҳури ҷаҳонро дар бораи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таваҷҷуҳи хонандагон расонам:
1. «Эмомалӣ Раҳмон дар байни сиёсатмадорони кишварҳои Иттиҳод яке аз мавқеъҳои асосиро ишғол менамояд. Ва ин амри тасодуф нест. Тамоми саъй ва кӯшишҳои ӯ нишон медиҳанд, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ идома дорад. Шабоҳати ин раванд дар кишварҳои дигар, ки дар он ҷо авзоъ то андозае муташанниҷ аст, вуҷуд надорад. Он чизе, ки дар Тоҷикистон мегузарад, барои бисёре аз халқҳо ва кишварҳои олам намунаи ибрати хуб аст».
Президенти Федератсияи Россия – В.В.Путин;
2. «Эмомалӣ Раҳмон дар як давраи барои кишвараш бениҳоят мураккаб инони давлатро ба даст гирифт. Аммо ӯ тавонист дар давраи кӯтоҳ сулҳро дар кишвар барқарор созад ва ба арсаи байналмилалӣ ворид шавад. Чунин сиёсатмадорон ангуштшуморанд».
Ҷорҷ БУШ, Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (солҳои 2001 — 2009);
3. «Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович! Дар тӯли солҳои рушди мустақилона Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шумо роҳи дигаргуниҳои муҳимро тай намуд ва дар бунёди давлатдорӣ, баланд бардоштани некӯаҳволии халқ ва нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ комёбиҳои бузург ба даст овард. Дар Қазоқистон аз дастовардҳои Тоҷикистон ҳамеша шод мешаванд ва ба таҳкими минбаъдаи муносиботи дӯстона ва боварибахш байни давлатҳои мо аҳамияти калон медиҳанд».
Қосим–Жомарт ТОКАЕВ, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон;
4. «Имрӯз мо дар муносиботи дуҷонибаи худ саҳифаи навро боз ва ин муносиботро ба сатҳи сифатан баландтар мебардорем. Мусалламан, ин хидмати шахсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бародари азизам, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович — арбоби барҷастаи давлатӣ ва сиёсӣ аст, ки хидматҳои ӯ дар тамоми ҷаҳон эътироф шудаанд».
Шавкат МИРЗИЁЕВ, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон;
5. «Зуҳури давлати Сомониён ба рушди тамаддуни баланд таҳаррук бахшид. Мероси эҷоднамудаи фарҳангӣ ва маънавии халқи тоҷик, санъати баланд, намунаҳои адабӣ ва меъмории он дар хазинаи башарият ҷойгоҳи сазовори худро ёфтаанд. Халқҳои бародари Озарбойҷон ва Тоҷикистонро, ки пайвандҳои муштараки таърихӣ ва арзишҳои маънавӣ доранд, имрӯз бунёди давлатҳои озод ва мустақил муттаҳид мекунанд. Ман ба рушди равобит байни Озарбойҷон ва Тоҷикистон аҳамияти зиёд медиҳам ва орзу дорам, ки таҳти роҳбарии Шумо Тоҷикистон тамоми мушкилотро дар роҳи худ муваффақона паси сар кунад. Дар тӯли солҳои истиқлолият халқи дӯсти тоҷик мушкилоти зиёдеро таҳаммул намуд, аммо ман мутмаинам, ки хатми ҷараёни танзими сулҳомез дар кишвар имкон хоҳад дод, то таҳдоби устувори суботи сиёсӣ гузошта шавад, ки дар асоси он Тоҷикистон ба давлати демократӣ ва пешрафта мубадал хоҳад гардид».
Ҳайдар АЛИЕВ, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон (солҳои 1993-2003);
6. «Дар соатҳои озмоишҳои мушкил шахсиятҳои таърихӣ метавонанд тасмимҳои таърихӣ иттихоз намоянд. Дар мавриди Афғонистон, бо итминони комил метавон гуфт, ки талоши пайгирона ва истодагарие, ки Эмомалӣ Раҳмонов бо он мехост таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонро ба фоҷиаи Афғонистон ҷалб кунад, танҳо бо корнамоии ҳақиқӣ қобили қиёс аст. Он замон Тоҷикистон дар вазъи бениҳоят вазнин қарор дошт, таҳдиди «Толибон» дар марзи Тоҷикистону Афғонистон воқеан мавҷуд буд. Дар чунин шароит бархе аз кишварҳо ба хотири ворастан аз бархӯрд бо «Толибон» равобити худро бо ин гурӯҳ таҳким бахшиданд. Маҳз ҳамин корро аз ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон низ интизор доштанд. Аз ӯ ошкоро тақозо карданд, ки мушкилоти тоҷикон бидуни ин ҳам зиёд аст, пуштибонии неруҳои муқовимати мардумӣ дар Афғонистон чӣ зарурият дорад? Вале Эмомалӣ Раҳмонов, сарфи назар аз тамоми мушкилот, ҳимояи халқи афғонро идома бахшид. Ин мавқеъи мардона ва дурандешона минбаъд авзоъи минтақа ва ҷаҳонро бунёдан тағйир дод».
Бурҳониддин РАББОНӢ, Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон (солҳои 1992-2001);
7. «Халқи Фаронса мавқеи устувори Президенти Тоҷикистонро, ки ба фарҳанги ғанӣ ва олии сиёсӣ ва маънавии мардуми тоҷик такя мекунад, ҳаргиз фаромӯш нахоҳанд кард».
Жак ШИРАК, Президенти Ҷумҳурии Фаронса (солҳои 1995-2007);
8. «Президент Раҳмонов солҳо боз Тоҷикистонро роҳбарӣ мекунад ва кишварро ба роҳи дуруст мебарад. Вай ҷомеаро ба субот овард».
Евгений ПРИМАКОВ, ходими давлатӣ ва сиёсии Россия, Раиси Ҳукумати ФР (солҳои 1998-1999);
9. «Истиқлолиятро ба Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов — сиёсатмадори миқёси ҷаҳонӣ дод. Имрӯз ӯ маъруфтарин фарзанди Тоҷикистон, тамоми тоҷикони ҷаҳон ва дӯсти ҳақиқии Афғонистон аст».
***
«Бовар кунед, алоқамандии хоси ман ба Эмомалӣ Раҳмон на аз баҳри он аст, ки мо ҳарду тоҷикем (ҳамқавмем), балки онҳо асоси бунёдӣ доранд. Танҳо шахси хирадманд ва дӯстдори ватани худ метавонад дар муддати кӯтоҳ кишварро аз анголи ҷанги шаҳрвандӣ, ки бар асари дасисаҳои душманони халқи тоҷик сар зад, берун оварад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳми ҷаноби Эмомалӣ Раҳмонро дар истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон, ки фавқулода баланд аст, бояд эътироф кунад ва ин бори дигар аз азамат ва хиради халқҳои форсизабон шаҳодат медиҳад …».
Аҳмадшоҳ МАСЪУД, Вазири мудофиаи Афғонистон (солҳои 1992-1996):
Гуфтаҳои боло бори дигар моро водор месозанд, ки сарсупурдаи сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошем ва барои амалӣ намудани андешаҳои созандаи ин шахсияти таърихӣ камари ҳиммат баста, тамоми ҷидду ҷаҳди худ ва маҳорату лаёқати худро барои расидан ба рушду нумӯ ва шукуфоии давлати азизамо равона гардонем.
Раиси суди иқтисодии вилояти Хатлон Искандарзода Б.М.