Бо ба даст овардани Истиқлолият дар соли 1991, Тоҷикистон ба давраи нави тараққиёт ворид гардид. Пеш аз ба даст овардани Истиқлолият, иқтисодиёти кишвар бештар ба Иттиҳоди Шӯравӣ вобаста буд, аммо пас аз ноил гардидан ба соҳибистиқлолӣ, Тоҷикистон сиёсати иқтисодии мустақили худро ба роҳ монд.
Дар солҳои аввал кишвар бо мушкилоти зиёде рӯбарӯ шуд, аз ҷумла буҳрони иқтисодӣ, номуайянии сиёсӣ ва камбудии инфрасохтор, яъне бунбасти коммуникатсионӣ. Вале, Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳалли ин мушкилот стратегияҳои мухталиф таҳия намуд, ки амалӣ намудани онҳо боиси пешрафти иқтисодӣ ва рушди инфрасохтор гардид.
Аз ҷумла, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини рушди иқтисодиёти кишвар ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои мардуми Тоҷикистон, ҳадафҳои стратегии муҳимро ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намуд, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар.
Бо ин мақсад дар кишвар сохтмони роҳҳо ва нерӯгоҳҳои барқӣ оғоз гардида, минтақаҳои озоди иқтисодӣ ташкил карда шуда, дар ин минтақаҳо корхонаҳои саноатӣ бо ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ таъсис дода шуданд, ки заминаи устувори тараққиётро фароҳам меоваранд.
Нақлиёт ва роҳҳо барои тиҷорат ва рушди иқтисодӣ аҳамияти ниҳоят муҳим доранд. Маҳз бо ин сабаб дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ, Тоҷикистон якчанд лоиҳаи калони роҳсозиро амалӣ намуд.
Чунончӣ, роҳи Душанбе-Хуҷанд ҳамчун яке аз муҳимтарин масирҳои тиҷоратӣ ва иртиботӣ байни шимол ва маркази кишвар сохта шуд. Пеш аз бунёди ин роҳ, ҳаракати нақлиёт байни ин минтақаҳо душвор буд, аммо сохтмони нақби “Истиқлол” вазъро ба куллӣ беҳтар намуд, зеро роҳи мазкур на фақат барои рафту омади шаҳрвандон, балки барои гардиши иқтисодии молу маҳсулот аҳамияти муҳим дорад.
Роҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ – ин масир барои иртиботи минтақаҳои кӯҳистон бо пойтахти кишвар аҳамияти стратегӣ дорад, зеро роҳи қаблӣ дар фасли зимистон бинобар резиши зиёди барф ва фаромадани тарма дар митақаҳои кӯҳӣ моҳҳо баста шуда, имконияти рафту омадро барои сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва интиқоли молу маҳсулотро ба ин вилоят маҳдуд мегардонид. Соли ҷорӣ дар назар дошта шудааст, ки минтақаи хатарноктарини ин роҳ пурра аз таъмир гузаронида шуда, бо роҳи бунёди нақбҳо бехатарии ҳаракати нақлиётҳо дар ин роҳ таъмин карда шавад.
Роҳи байналмилалии Душанбе – Чанак (сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистон) ба рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мусоидат карда, барои пойдор мондани дӯстиву рафоқати байни ин ду миллати ҳамфарҳанг аҳамияти хоса дорад.
Бо доштани захираҳои бойи обӣ, Тоҷикистон метавонад як таъминкунандаи муҳим дар бозори нерӯи барқ бошад, бинобар ин ҷиҳати таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва зиёд гардонидани иқтидори энергитикӣ баҳри ба фурӯш баровардани нерӯи барқии барзиёд истеҳсолшаванда ва аз ин ҳисоб ғанӣ гардонидани буҷаи давлат ва рушди иқтисоди миллӣ, Ҳукумати Тоҷикистон барномаҳои махсусро вобаста ба бунёд ва таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обӣ таҳия ва иҷроиши онҳоро марҳила ба марҳила таъмин намуда истодааст.
Аз ҷумла, Нерӯгоҳи Роғун яке аз калонтарин лоиҳаҳои энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ буда, ин нерӯгоҳ метавонад на танҳо эҳтиёҷоти дохилии кишварро таъмин кунад, балки нерӯи барқро ба кишварҳои ҳамсоя содир намояд.
Барои расидан ба ҳадафи дар боло зикршуда, нерӯгоҳҳои барқи обии Норак, Қайроққум ва Сарбанд таҷдид карда шуда, иқтидори энергетикии онҳо зиёд карда шуда, онҳо ҳамчун иншоотҳои стратегии барқӣ иқтидори энергетикии кишварро афзоиш доданд.
Ҷиҳати расидан ба ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ташкил карда шуданд, ки заминаи мусоидро барои рушди соҳибкорӣ ва сармоягузории хориҷӣ фароҳам меоранд.
Минтақаи озоди иқтисодии Данғара маркази истеҳсолӣ ва тиҷоратӣ гардида, бо корхонаҳои саноатӣ муҷаҳҳаз шуда, дар он сармояи зиёди хориҷӣ ҷалб карда шудааст.
Минтақаи озоди Панҷ бошад, бахши тиҷоратии Тоҷикистон дар наздикии марз бо Афғонистон буда, барои рушди савдои байналмилалӣ таъсис дода шудааст.
Ғайр аз ин, саноат ва тиҷорат аз бахшҳои муҳими рушди иқтисоди Тоҷикистон мебошанд, муҳимтарин бахши он саноати вазнин мебошад, ки асосан корхонаҳои истеҳсолии калонро дар бар мегирад.
Корхонаи алюминийи “ТАЛКО” бузургтарин корхонаи саноатии кишвар буда, алюминий ва маҳсулоти алюминӣ истеҳсол карда, ба хориҷи кишвар содир мекунад.
Солҳои охир корхонаҳои сементбарорӣ дар Тоҷикистон зиёд шуда, талаботи дохилии кишварро пурра бо ин маҳсулот таъмин мекунанд ва маҳсулоти барзиёд истеҳсолшавандаро ба хориҷи кишвар интиқол медиҳанд, ки чунин корхонаҳо дар рушди соҳаи истеҳсоли маҳсулоти сохтмонии мамлакат нақши калидӣ мебозад.
Барои таъмини амнияти озуқаворӣ низ Ҳукумати Тоҷикистон корҳои назаррасро ба анҷом расонидааст.
Аз ҷумла, ҳанӯз аз давраи аввали ба даст овардани Истиқлолият Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фармони худ заминҳои кишоварзиро ба аҳолӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва кооперативҳои истеҳсолӣ тақсим намуда, барои гирифтани ҳосили хуб аз ҷониби кишоварзон шароитҳои мусоидро муҳайё намуданд.
Зеро, бо доштани иқлими мусоид, Тоҷикистон метавонад маҳсулоти кишоварзиро ба миқдори зиёд истеҳсол ва содир намояд ва амнияти озуқавории кишварро таъмин намояд.
Пешвои миллат ба парвариши пахта ва рушди соҳаи боғдорӣ аҳамияти хоса медиҳанд, зеро пахта яке аз маҳсулоти асосии кишоварзии кишвар буда, Тоҷикистон бо меваи хушсифат, аз ҷумла себ, зардолу ва ангур машҳур буда, истеҳсоли зиёди ин маҳсулоти кишоварзӣ барои таъмини пурраи бозори дохилӣ ва ба роҳ мондани содироти онҳо мусоидат менамояд.
Ҳамин тариқ, дастовардҳои иқтисодӣ ва инфрасохторӣ ба рушди устувори Тоҷикистон мусоидат намуда, имкониятҳои навро барои мардуми Тоҷикистон фароҳам овардаанд.
Судя Азизӣ Ҷ.