Нишасти матбуотӣ

Суди иқтисодии вилояти Хатлон санаи 22 июли соли 2025 дар якҷоягӣ бо Суди вилояти Хатлон ва Суди гарнизони ҳарбии вилояти Хатлон бо намояндагони васоити ахбори омма вобаста ба ҷамъбасти фаъолияти кории нимсолаи аввали соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор намуданд. Зимни баргузории нишасти матбуотӣ раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон муҳтарам Искандарзода Бахтиёр Мустафо оид ба фаъолияти кории суди иқтисодии вилояти Хатлон дар нимсолаи авали соли 2025 ба намояндагони васоити ахбори омма маълумоти мухтасар пешниҳод намуда, ба саволҳои онҳо ҷавобҳои мушаххас доданд.

Прокрутить вверх