01 августи соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодӣ бобати таъмини иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №АП-1677 аз 04 марти соли 2005 ва Нақшаи тасдиқ намудаи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июни соли 2024 оид ба ҷамъбасти фаъолияти судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2024 нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дар кори он намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ, намояндагони матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Нахуст доир ба фаъолияти судҳои иқтисодӣ дар нимсолаи якуми соли 2024 маълумоти мухтасар манзур гардид.
Сипас намояндагони матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма саволҳо пешниҳод намуданд, ки доир ба ҳар яки он аз ҷониби роҳбарияти Суди Олии иқтисодӣ посухҳои мушаххас дода шуд.