МОДАР-САРЧАШМАИ ҲАЁТ

Санаи 06 марти соли 2026 дар Суди иқтисодии вилояти Хатлон бахшида ба «Рӯзи модар» мизи мудаввар таҳти унвони «Модар-Сарчашмаи ҳаёт»  баргузор карда шуд.

Чорабиниро И.в Раиси суд Қурбониён Б. С. оғоз намуда, ҳозиринро ба Рӯзи модар табрику таҳният намуда, қайд кард, ки занон нерӯе мебошанд, ки дар ҳама ҷабҳаҳои зиндагӣ нақши муасир мегузоранд. Занон дар тамаддуни баланди ҷаҳонӣ, махсусан дар мақоми муқаддаси модарӣ саҳми босазое доранд. Таҷлили Рӯзи Модар дар замони Истиқлолияти давлатӣ бо кӯшишу дастгирӣ ва талошҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занону духтарон мақому манзалати хешро пайдо карданд. Мо барои суннатҳои ахлоқии ниёгон бояд ҳамеша кӯшиш ба харҷ диҳем, хислатҳои хоси занони тоҷик ҳамчун «Модари хушбахт» ҳифз шаванд ва мавқеи худро аз даст надиҳанд.

Сипас, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди иқтисодии вилояти Хатлон баромад намуда қайд намуданд, ки занону модарон сарчашмаи ҳастӣ, тараннумгари зебоӣ, қадршиносӣ ва нигаҳдорандаи меҳру муҳаббат мебошанд. Зеро Модар меҳрубонтарин шахс барои ҳар як инсон буда, дар замири фарзандон меҳри Ватан ва эҳтиром ба калонсолонро ҷой медиҳад.

Зан – Модар тамоми ҳастии худро барои офариниши ҳаёти башар ва рушду камоли инсоният сарф менамояд.

Прокрутить вверх