Санаи 12 феврали соли 2025 дар доираи нақшаи чорабиниҳои Суди иқтисодии вилояти Хатлон дар бинои Суди иқтисодии вилояти Хатлон мизи мудаввар таҳти унвони «Паём сарчашмаи зиндагии шоиста ва босаодат» ташкил ва баргузор карда шуд. Дар ҳамоиш раиси суд, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди иқтисодии вилояти Хатлон иштирок намуданд.
Маҷлисро Раиси Суди иқтисодӣ вилояти Хатлон муҳтарам Искандарзода Б.М. бо сухани ифтитоҳи оғоз намуда, қайд намуданд, ки Президенти мамлакат Пешвои муаззами миллат Паёми навбатии худро дар бораи вазъи кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, дастовардҳои мардуми тоҷикро дар сиёсати дохиливу хориҷӣ таҳлил ва самтҳои асосии мамлакатамонро барои давраҳои минбаъда муайян намуданд.
Раиси суд муҳтарам Искандарзода Б.М. қайд намуданд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ аз ҳама нуқтаи муҳимро нисбати фаъолияти Ҳукумат кишвар вазорату кумита, сохторҳои низомию қудратӣ ва ба мардуми шарифи кишвар чунин таъкид ва вазифагшузорӣ карданд: «Ҳамаи мо вазифадорем, ки дар шароити ниҳоят ҳасос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатараҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳарвақти дигар босабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ бошем» Дар идома, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди иқтисодии вилояти Хатлон низ андешаҳои судманд ироа дошта, дар заминаи Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар табодули афкор намуданд.


