Санаи 24 августи соли 2023 таҳти раисии судяи Суди иқтисодии вилояти Хатлон Азизӣ Ҷ.А., бо котибии Сулаймонзода Д.Х. дар Ҷамоати деҳоти Дӯстии ноҳияи Ҷайҳун маҷлисҳои сайёри судӣ баргузор карда шуда, зимни гузаронидани маҷлисҳои судӣ бо иштироккунандагони муҳокимаи судӣ вобаста ба мавзӯҳои “Дастовардҳои Истиқлолият”, “Пешгирии гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ” ва оид ба фаҳмондадиҳии мазмуни қонунгузории замин сӯҳбат гузаронида шуда, ба саволҳои иштироккунандагон ҷавобҳои мушаххас дода шуд.