Санаи 15 августи соли 2023 бо иштироки судяи Суди иқтисодии вилояти Хатлон Азизӣ Ҷ.А. ва котиби маҷлиси судӣ Сулаймонзода Д.Х. дар Ҷамоати деҳоти Х.Холматови ноҳияи Шаҳритус маҷлисҳои сайёри судӣ баргузор карда шуда, зимни он чораҳори тарғиботиву ташфиқотӣ гузаронида шуда, бо аҳолии ноҳия атрофи пешгирии гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷинояткорӣ, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва андешидани чораҳои ободонӣ дар арафаи таҷлили Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карда шуда, ба саволҳои шаҳрвандон посухҳои мушаххас дода шуд.