Корҳои ободонӣ дар суд

Санаи 26 сентябри соли 2025-ум дар суди иқтисодии вилояти Хатлон корҳои ободонӣ ва тоза кардани бинову утоқҳои корӣ амалӣ карда шуданд.

Бо мақсади таъмини бехатарии бинои суд, гирду атрофи он бо панҷараҳои оҳанини муосир иҳота карда шуда, бино ва утоқҳои суд аз гарду ғубор тоза карда шуданд.

Бо роҳи анҷом додани корҳои зикршуда ва рангубор кардани мизҳои нишасти шаҳрвандон ва дигар таҷҳиҳоти зарурӣ, намои берунаи бино фораму дилписанд гардид.

Прокрутить вверх