Санаи 12 феврали соли 2025 дар доираи нақшаи чорабиниҳои Суди иқтисодии вилояти Хатлон дар бинои Суди иқтисодии вилояти Хатлон мизи мудаввар доир ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ ташкил ва баргузор карда шуд. Дар ҳамоиш раиси суд, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди иқтисодии вилояти Хатлон иштирок намуданд.
Раиси суд муҳтарам Искандарзода Б.М. қайд намуданд, ки мақсад аз доир намудани чунин вохӯрӣ гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба коррупсия ва хатари он дар байни кормандони суд, иштироки фаъолона дар бораи решакан кардани ин зуҳуроти номатлуб мебошад.
Инчунин Раиси суд қайд намуданд, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, аз ҷониби Суд иқтисодии вилояти Хатлон дар оянда низ тадбирҳои тақвиятбахш ва самарабар ҷиҳати пешгирӣ намудани ҳама гуна ҳолату амалҳои номатлуби коррупсионӣ идома дода мешавад.
Сипас судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд вобаста ба паҳлуҳои пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва методология оид ба гузаронидани таҳлили фаъолият маърӯза намуда, иштирокчиёни вохӯрӣ доир ба мавзӯҳои матраҳгардида, мубоҳисаҳо намуданд.



