АРҶГУЗОРӢ БА НАСЛИ ОЯНДАСОЗ

Ҳамасола 23-юми май дар саросари Тоҷикистони соҳибистиқлол Рӯзи ҷавонон бошукуҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад. Ин рӯз танҳо як санаи тақвимӣ нест, балки рамзи эътимоди давлат ба насли ҷавон, рамзи умед ба фардои дурахшони миллат ва нишонаи эҳтиром ба неруи бузурги созанда мебошад.

Вақте сухан аз ҷавонон меравад, пеш аз ҳама симои Тоҷикистони навин, давлати рӯ ба рушд ва ҷомеаи пур аз орзуву иқдомҳои созанда пеши назар меояд. Зеро ҷавонон идомадиҳандаи роҳи пурифтихори гузаштагон, муҳофизони истиқлолият ва бунёдкорони фардои ватан мебошанд. Ин сана на танҳо ҷашни як қишри фаъоли ҷомеа, балки рӯзи қадршиносӣ аз неру, тафаккур, ташаббус ва иқтидори бузурги насли ҷавон мебошад.

Тоҷикистон кишвари ҷавон аст ва қисми зиёди аҳолии онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Аз ҳаминҷост, ки сиёсати давлатии ҷавонон дар меҳвари таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат қарор дошта, барои рушду такомули онҳо имкониятҳои васеъ фароҳам оварда мешаванд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои худ пайваста ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Аз ҷумла, дар яке аз паёмҳо таъкид кардаанд: «Мо ба ҷавонон ҳамчун неруи бузурги пешбарандаи ҷомеа ва идомадиҳандаи кори насли калонсол эътимоди комил дорем». Дар паёми дигар Сарвари давлат ҷавононро «қувваи фаъоли ҷомеа ва ояндаи давлату миллат» номидаанд. Ин таваҷҷуҳ танҳо дар сухан ифода намеёбад, балки дар амал тавассути татбиқи барномаҳои давлатӣ, бунёди муассисаҳои таълимӣ, таъсиси грантҳо, квотаҳо, марказҳои ҷавонон ва дастгирии ташаббусҳои созандаи ҷавонон амалӣ мегардад.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои ҷавонони кишвар шароити мусоид фароҳам овардашуд, то онҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа фаъолона иштирок намоянд. Дар ин давра дар мамлакат садҳо муассисаҳои нави таълимӣ, донишгоҳу коллеҷҳо, китобхонаҳо, марказҳои ҷавонон, маҷмааҳои варзишӣ ва майдончаҳои муосири варзишӣ бунёд гардиданд. Танҳо дар шаҳри Душанбе бунёди Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, маҷмааи «Наврӯзгоҳ», боғҳои фарҳангиву фароғатӣ ва даҳҳо иншооти варзишиву фарҳангӣ барои баланд бардоштани маърифату ҷаҳонбинии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба тарзи ҳаёти солим заминаи мусоид фароҳам овард.

Вилояти Хатлон низ ҳамчун яке аз минтақаҳои бузургу ободи мамлакат ирӯз ба макони ташаббусҳои созандаи ҷавонон табдил ёфтааст. Ҷавонони ин вилояти бостонӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, илму маориф, варзиш, фарҳанг ва хизмати давлатӣ фаъолияти назаррас дошта, дар пешрафти ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд.

Дар замоне, ки ҷаҳон бо суръат тағйир меёбад, ҷавонони мо низ талош доранд ҳамқадами замон бошанд, илму технологияҳои муосирро аз худ намояндва дар рушди давлат саҳми шоиста гузоранд. Дар донишгоҳҳои бонуфузи дохилу хориҷи кишвар ҳазорон ҷавонони тоҷик таҳсил намуда, ҳамчун мутахассисони ояндасоз ба камол мерасанд. Донишҷӯёни тоҷик дар озмунҳои байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардида, варзишгарони ҷавон Парчами миллиро дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ баланд мебардоранд.

Имрӯз аз ҷавонон танҳо донишу касб талаб карда намешавад, балки онҳо бояд дорои маърифати баланди сиёсӣ, фарҳанги миллӣ, худшиносӣ ва эҳсоси масъулият дар назди давлату миллат бошанд. Ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва пешгирӣ аз таъсири андешаҳои ифротӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимми ҷавонон ба ҳисоб меравад.

Боиси хушнудист, ки ҷавонони тоҷик имрӯз бештар ба омӯзиши илмҳои дақиқ, технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ, барномасозӣ ва забонҳои хориҷӣ рӯ меоранд. Насли ҷавони кишвар хуб дарк кардааст, ки дар ҷаҳони муосир танҳо шахси донишманд, соҳибкасб ва ҷаҳонбин метавонад мавқеи арзандаи худро пайдо кунад.

Дар баробари донишандӯзӣ ва касбомӯзӣ, масъалаи тарбияи ахлоқии ҷавонон низ аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Ҷавонон бояд ба арзишҳои миллӣ, фарҳанги ниёгон, забони давлатӣ ва муқаддасоти ватан эҳтиром гузоранд. Миллати тоҷик таърихи куҳан, тамаддуни ғанӣ ва шахсиятҳои бузурги илму адаб ва қаҳрамонони ватандӯст дорад. Барои ҷавонони имрӯз намунаи ибрат корномаҳои фарзандони барӯманди миллат, аз ҷумла шоҳ Исмоили Сомонӣ ҳамчун поягузори давлатдории тоҷикон, Спитамен ҳамчун рамзи ҷасорату озодихоҳӣ, Темурмалик ҳамчун қаҳрамони муҳофизи ватан ва Восеъ ҳамчун муборизи роҳи адолат метавонанд хизматкунанд. Мероси гаронбаҳои шоирону адибони сершумори миллат ҷавононро ба илму маърифат, худшиносӣ ва ифтихори миллӣ раҳнамоӣ мекунад.

Масъалаи дигаре, ки аҳамияти калон дорад, интихоби дурусти роҳ дар зиндагӣ мебошад. Ҷавонон бояд дарк кунанд, ки муваффақият танҳо бо меҳнат, дониш ва ирода ба даст меояд. Пайравии кӯркӯрона ба фарҳанги бегона, беҳуда гузаронии вақт, нашъамандӣ, шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ ва истифодаи нодурусти шабакаҳои иҷтимоӣ метавонад ба сарнавишти инсон таъсири ҷиддии манфӣ расонад. Аз ин рӯ, ҷавонон бояд зиракии сиёсӣ ва фарҳангии худро аз даст надода, миёни иттилооти дурусту нодуруст фарқгузошта тавонанд.

Хушбахтона, имрӯз ҷавонони соҳибдонишу масъулиятшинос бештар ба низоми судӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷалб мегарданд. Дар замони соҳибистиқлолӣ барои омода кардани кадрҳои ҷавони ҳуқуқшинос ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷавонон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Ҷавонони фаъол имрӯз дар мақомоти судӣ дар вазифаҳои судя, кормандидастгоҳи суд, ёвари судя ва котиби маҷлиси судӣ фаъолияти пурсамар доранд. Ин раванд барои таҳкими адолати судӣ, боло бурдани эътимоди ҷомеа ба қонун ва рушди давлати ҳуқуқбунёд аҳамияти калон дорад. Зеро маҳз ҷавонони соҳибкасбу адолатпарвар метавонанд дар оянда ҳифзи волоияти қонун ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро таъмин созанд.

Сайдалӣ Сироҷиддин,

Ҳикматулло Ҷабборзода,

Судяҳои Суди иқтисодии вилояти Хатлон

Прокрутить вверх