Шиносоии Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдуллозода З.Ф. бо шароити кории судяҳо ва кормандони суди иқтисодии вилояти Хатлон

Санаи 24 апрели соли 2025 Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдуллозода Зебонисо Файзулло ба суди иқтисодии вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом доданд.

Зимни анҷоми сафари корӣ муҳтарам Абдуллозода З.Ф. шароити кории судяҳо ва кормандони суд, ҳолати бинои суд, утоқҳои корӣ ва китобхонаи судро азназар гузаронида, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани шароити корӣ тавсияҳои судманд пешниҳод намуданд.

Ҳамзамон, Раиси Суди Олии иқтисодӣ ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани фаъолияти кории суд, аз ҷумла қабули шаҳрвандон ва ҳалли муроҷиатҳои онҳо, баррасии дуруст ва саривақтии парвандаҳо, таҳияи санадҳои судии қонунию одилона ва оид ба саривақт супоридани санадҳои судӣ ба шахсони иштироккунандаи парванда дастур доданд.

Инчунин муҳтарам Абдуллозода З.Ф. ба судяҳо ва кормандони суд супориш доданд, ки ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон фаъолияти худро вобаста ба тарғифу ташфиқи аҳолӣ ҷоннок намуда, шумораи маҷлисҳои сайёри судӣ, вохӯриҳо, таъинотҳои хусусӣ ва баромадҳоро дар садо, симо ва рӯзномаву маҷаллаҳо зиёд намоянд.

Прокрутить вверх