ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ САНАДИ МУҲИМ ВА ТАҚДИРСОЗИ ҶУМҲУРӢ

Ҳама сола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ Паёми худро ба ҷаласаи якҷояи маҷлиси миллӣ ва маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа менамоянд.

Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 23 декабри соли 2023 ироа гардида, он фарогири тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, илму маориф, тандурустӣ, дастгирии давлатии ҷавонон ва бонувон, фароҳам овардани имтиёзҳо ба соҳибкорон  ва амнияту мудофиа буд.

Паёми Президент воқеъан санади муҳими ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, зеро дар он тамоми дастовард ва бурду бохти солҳои гузашта таҳлилу муҳокима гардида, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва ноил гардидан ба пешравиву тараққиёти устувору бемайлон нақшаю вазифаҳои мушаххас аз ҷониби Президенти ҷумҳурӣ гузошта мешаванд, ки онҳо муҳаррики ҳаракатдиҳандаи механизми давлатдорӣ мебошанд.

Зеро, тамоми вазорату идораҳо, мақомоту ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ нуқтаҳои асосии Паёми Президентро сармашқи кору фаъолияти худ қарор дода, бо ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои созанда ва баҳри таъмини рушду нумӯи давлат ва амнияту шукуфоии он талош меварзанд.

Маҳз бо роҳнамоиҳои Паём ба мо муяссар гардид, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.

Дигар паҳлуи муҳими дар ҳамаи Паёмҳои Президент баёншаванда, ин албатта пойдории амният ва сулҳу суботи ҷомеа мебошад, ки вобаста ба ин масъала Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доимо аз тамоми мардуми Тоҷикистон зиракии сиёсиро талаб намуда,  доир ба хатарҳои тероризму экстремизм ба амнияти ҷаҳонӣ, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводҳои мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромилӣ суханронӣ намуда, пешгирии содиршавии онҳоро ба тарбияи дурусти насли наврас алоқаманд медонанд.

Бо ин мақсад солҳои охир мунтазам озмунҳои минтақавию ҷумҳуриявӣ аз қабили “Фурӯғи субҳи доноӣ”, дар асоси Фармонҳои Президенти ҷумҳурӣ, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи донишу маърифатнокии ҷавонон ва аҳолии мамлакат баргузор мегарданд, ки сарчашмаи онҳо низ аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад.

Президенти мамлакат дар Паёми худ вобаста ба тамоми масъалаҳои ҳаёти ҷомеа суханронӣ намуданд, ки дар маҷмӯъ мақсади ироаи он ин таъмини шароити арзандаву боамни мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Моро низ зарур аст, ки барои расидан ба ин ҳадафҳо нуқтаҳои Паёмро сармашқи кори худ қарор дода, фаъолияти худро дар доираи талаботи қонунгузории амалкунанда ба роҳ монда, ба халқу миллати худ хизмати арзанда намоем.

Раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон

Искандарзода Б.М.

Прокрутить вверх