Модарон таскинбахши дилҳо

Аввалан сухани ҳар як инсоне, ки ба дунё меояд, новобаста аз миллат, нажод ва забон “Модар” мебошад.

Вақте кӯдак аз батни модар ба дунё меояд, гиряи ӯ ҳама атрофро фаро мегирад то ба ҳангоме, ки ӯро модараш боз ба оғӯши гарми худ мегирад.

Гармии оғӯши модар дар ҳама сину сол ба дили мо таскин бахшида, руҳияи моро шод ва эҳсоси хушбахтиро дар мо бедор месозад.  

Зеро, модар мисли замин ва ватан якто, мисли офтоб дурахшон ва мисли моҳтоб зебо мебошад.

Дар васфи модар садҳову ҳазорҳо ғазалу асарҳо офарида шудаанд, вале агар боз ҳазорҳо чунин шеъру ғазал навишта шавад, наметавонем бузургӣ, меҳру муҳаббати самимӣ ва заҳмату бедорхобии модаронро ба пуррагӣ дар онҳо инъикос намеём.  

Шоири ширинсухан Эраҷи Мирзо заҳматҳои модаронро дар ғазали худ хеле зебову самимӣ чунин баён кардааст:

Гӯянд, маро чу зод модар,
Пистон ба даҳон гирифтан омӯхт.

Шабҳо бари гаҳвораи ман
Бедор нишасту хуфтан омӯхт.

Як ҳарфу ду ҳарф бар забонам
Алфоз ниҳоду гуфтан омӯхт.

Дастам бигирифту по ба по бурд,
То шеваи роҳ рафтан омӯхт.

Пас ҳастии ман зи ҳастии ӯст,

То ҳастаму ҳаст, дорамаш дӯст.

Суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар васи модар низ тасдиқи гуфтаҳои боло мебошанд, тавре Пешвои миллат баён намудаанд:

“Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерӯбахши рӯҳу ҷон мебошад.”

Таҷлили 8-уми март ҳамчун иди бонувон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давлати Ҷумҳурии Шӯравӣ ҳамчун мерос боқӣ монда, бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рӯзи «Модарон» ҷашн гирифта мешавад.  

Дар даврони истиқлолият таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист, ки барои беҳбудии вазъи занон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намояд, аз ҷумла бо мақсади таъмини иштироки васеи занон дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул намуд, ки онҳо ҷиҳати баланд бардоштани мақоми зан дар бунёди ҷомеаи демократӣ нақши муҳим мебозанд.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми декабри соли 1999 таҳти №5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» баҳри аз байн бурдани мушкилоти гендерӣ оид ба нақши зан дар ҷомеа заминаи мусоид фароҳам овард.  

Воқеъан нақши зан, модар дар тарбияи насли ҷавон ва рушду нумӯъи кишвар бориз буда, беҳуда нест, ки Ҳукумати мамлакат баҳри баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа ҳамасола кӯшишҳои зиёд ба харҷ медиҳад.

Дар арафаи ҷашни “Рӯзи модарон” аз номи худ, судяҳо ва кормандони Суди иқтисодии вилояти Хатлон ҳамаи бонувон ва модарони азизро бо идашон табрик намуда, барои онҳо саломатии бардавом, бахту саодат ва осоиши зиндагиро таманно менамоям.

Раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон                            Искандарзода Б.М.

Прокрутить вверх